Нав синфи даҳро тамом карда будам, ки як хеши дури падарам ба хонаамон хостгорӣ омад. Дар аввал падару модарам розӣ набуданд, вале наздикони домод ба қавле дари хонаамонро охурча карда, билохира волидонамро ба гап дароварданд.
Апаҳои домод савганд хӯрданд, ки додарашон аз зани якумаш фарзанд наёфта ҷавобашро додаасту онҳо дубора аз пайи обод кардани зиндагии ӯ шудаанд.
Хулоса, баъди чанд моҳ тӯйи мо бо шукуҳу шаҳомат баргузор шуд, вале чиллаи арӯсиам набаромада айши мани наварӯс талх гашт, зеро дарак ёфтам, ки шавҳарам зани якумашро талоқ надода будааст. Мехостам ба рӯйи ҳамаашон туф карда, баромада равам, аммо модарам маро бо панду насиҳат аз роҳ гардонд. Хушдоманам ваъда дод, ки агар кӯдакдор шавам, писараш ҷавоби зани нозояшро медиҳад ва ман бо умеди рӯзҳои нек дар он хонадон мондам. Умедвор будам, ки соҳиби фарзанд шавам, шавҳарам талоқи занашро медиҳад, вале хаёлам хом баромад. Ин марди фиребгар кабӯтари дубома шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди фарзанди дуюмамро ба дунё овардани ман зани якуми шавҳарам ҳомиладор шуда, писар таваллуд кард. Акнун мардакам як рӯз бо ману як рӯз бо зани якумаш зиндагӣ мекунад. Марди бою бадавлат мебуд, шояд ба тақдирам тан медодам, вале мушкил дар он аст, ки шавҳарам на фарзандони маро ба таври зарурӣ таъмин мекунаду на фарзандони зани якумашро. Чанд сол боз ду зану чанд кӯдакро бо ними нон аҳмақ карда гаштааст. Тамоми сару либоси фарзандонамро волидонам мехаранд, касал шавем ҳам, дарди сари пиру кампир мешавем. Чанд маротиба қаҳр карда ба хонаамон рафтам, аммо ҳеҷ аз ин марди дузана халос шуда натавонистам. Ду рӯз нагузашта шавҳарам ба суроғам меояд ва бо забони дароз «ман зану фарзандони мепартофтагӣ надорам» гӯён, боз моро ба хона меорад. Аз чунин зиндагии сагона натанҳо ман, балки волидонам ҳам ҷонбезор шудаанд. Сарҳисоби корамро гум кардаам, охир то ба кай ману фарзандонам дарди сари падару модарам шуда, онҳоро азоб медиҳем?! Модоме шавҳарам аз уҳдаи нигоҳубини як зан намебарояд, чаро ду зан гирифта, фарзандони зиёдро ба дунё оварда, гирифтори азобу дарду ранҷ гардонидааст?
Аз нақли шавҳар:
Бачаҳоямро ятим намекунам
Дар ҳақиқат вақте Нозанинро ба занӣ гирифтам, ман зан доштам. Азбаски дар давоми панҷ соли оиладорӣ занам фарзанддор нашуд, гумон доштам, ки ӯ безурриёт аст, барои ҳамин дар болояш зан гирифтам. Кори Худоро бинед, ки баъди кӯдакдор шудани зани дуюмам зани якумам ҳам ҳомиладор шуд. Ман наметавонистам ӯро миёни раҳ намоям, чунки ҳарчи ҳам набошад, бахти аввал барои ҳар инсон азиз аст. Пинҳон намекунам, ман зани якумамро аз ҷонам бештар дӯст медорам, чунки дар тӯли чандин соли хонадориамон ягон бор ба рӯям гап нагардонидааст. Вай маро ҳамеша иззату ҳурмат мекунад. Зани дуюмам бошад, бисёр духтари шаттоҳу лӯлӣ аст, як гап назада даҳ ҷавоб медиҳад. Танҳо хотири фарзандонам бо ӯ зиндагӣ мекунам. Чанд маротиба гуфтам, ки агар ман ба ӯ писанд набошам, бачаҳоямро монда, худаш баромада равад, вале розӣ нашуд. Рафтори ин занак маро ҷонбезор кардааст, барои дупула гап қаҳру ароз карда ба хонаи очааш меравад. Хотири бачаҳоям маҷбур мешавам, ки саг барин аз пасаш давида бо зорию илтиҷо ӯро ба хона баргардонам. Бори дигар такрор мекунам, ки то имрӯз ман танҳо ба хотири фарзандонам ба ҳама қилиқҳои ӯ тоқат карда истодаам. Хонаю дар ва зиндагии обод маъқул набошад, бачаҳоямро монда равад. Чор тарафаш қибла!
Маслиҳати равоншинос:
Оқибати беандешагии волидон, ки дидаву дониста гул барин духтарашонро ба марди зандидаву зандор медиҳанд, ҳамин аст. Падару модари ин духтарак хотири хешу таборӣ карда, ҳаёти фарзандашонро бо дасти худ сӯхтаанд. Онҳо ба хотири вайрон нашудани риштаҳои хешутаборӣ ба ҳамаи қилиқҳои тарафи домод тоқат карда, натанҳо фарзандашон, балки худро низ умре дар азоб мемонанд, зеро ин мард чизеро дар зиндагиаш тағйир доданӣ нест. Ин ҷо танҳо ду роҳ аст-ба тақдир тан додан ё аз баҳри чунин зиндагӣ гузаштан. Роҳи сеюм вуҷуд надорад.