Муноқишаи ду муҳоҷири тоҷик бо кормандони пулиси рус ин шабу рӯзҳо дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ин ду ҷавони тоҷик, ки ҳарду аз як хонадон ва бародар будаанд, барои лату кӯбӣ кормандони пулис аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, вале падарашон талош дорад, ки писаронашро бо кадом роҳе набошад, ба зодӣ барорад...
Ҳодисаи мазкур дар истгоҳи метрои "Тулская"-и Маскав рух дода, ин ду бародар барои саркашӣ аз амри пулис ва задани кормандони ин ниҳоди қудратӣ боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Падари ин ду ҷавони муштзӯр тариқи сомонаҳои интернетӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар озод намудани фарзандонаш ёрӣ расонанд.
“Ман падари Соҳибакрам ва Умар ҳастам.Бародарон дар метрои "Тулская" як ҳодиса шудааст. Ман аз кори кардаи фарзандонам тамоман розӣ нестам, вале онҳо бачагӣ кардаанд. Ҳардуяшон акаву додаранд, вақте, ки Саидакрамро медоранд ва бо дубинка мезананд, дили додараш тоқат накарда ҳамин ҷиноятро содир мекунад. Фарзанднамро ман ба Худои яккаву ягона супоридаам, вале баъзе бародарон навишта истодаанд, ки албатта ба мо кӯмак мерасонанд. Бо адвокатҳо гапзанон кардаанд. Адвокатҳо мегӯянд ки бо ҷарима бароварда мешавад. Касе аз бандахои Худо аз дил бароварда ёрдам кунад, то ин ду ҷавон, ки яктоаш 21-сола ва дигараш 18- сола ҳастанд, ба озодӣ бароянд, дар ҳаққаш дуои нек мекунем. Умар 18-сола аст ва нав ба Маскав омадааст. Нофаҳмида ҳамин ҷиноятро содир кард. Бачаҳои ман на сигарет мекашиданду на арақ мехӯрданд. Дар роҳи ислом тарбия шудаанд...”-мегӯяд мард дар муроҷиаташ ба мардум.
Қобили тазаккур аст, ки чунин ҳодисаҳо ба буду боши муҳоҷирон дар Русия бе таъсир намонда, муносибати мардуми маҳаллиро нисбат ба тамоми тоҷикон сард ва зисту зиндагии бачаҳои муҳоҷири тоҷикро дар қаламрави ин кишвар душвор мегардонад. Аз ҳамин хотир падару модарон ба ҷойи пуштибонӣ кардан аз фарзанди худ, ки даст ба ҷиноят задааст, бояд бачаҳояшонро насиҳат кунанд, ки дар мулки ғурбат худро ба даст гирифта, бо рафтори ноҷо ва чунин амалҳои ғайри қонуниашон натанҳо худ, балки дигар муҳоҷирони тоҷикро ба гирдоби мушкилот тела надиханд