Sebiston new 2024 october
Бача падарандарро қабул мекунад?
2393

Бо сабаби бангиву бекорхӯҷа будани шавҳарам аз ӯ ҷудо шуда бо як фарзанд ба хонаи волидонам баргаштам. Барои аз дарду алам раҳоӣ ёфтан ба кор баромадам. Марде маро хостгор гаштааст, вале фикри писарчаамро карда дудила шудаам. Ба шавҳар бароям, писарчаам бо марди бегона хӯ мегирифта бошад?
С. Д.

Маслиҳат
Ҳар як зан дар баробари модари хуб буданаш мехоҳад зани дӯстдошта бошад, яъне ниёз ба дӯстдории мард дорад. Ба фарзанд бошад, модари маъюсу дилшикаста не, модари хушбахт лозим аст. Аз ин нигоҳ шумо сад дар сад ҳақ доред, ки дубора ба шавҳар баромада, лаззати бахтро бичашед, зеро ҳанӯз ҷавон ҳастед ва умратон дар пеш аст, аммо набояд ин дафъа ҳангоми издивоҷ ба саросемагӣ роҳ диҳед. Хислату хӯйи домодшавандаро нағзакак омӯзед, то ки бори дигар хонавайрон нашавед. Танҳо дар сурати дилпур гаштан аз он ки ин мард ягон камбудии ҷиддӣ надорад, ба фарзандатон дар бораи ин навигарӣ хабар диҳед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба кӯдакатон ду-се номзадро нишон дода, беҳтаринашро пурсон нашавед, кӯдак аз ин амал ҷароҳати равонӣ мегирад. Одатан кӯдакони то 3-сола ва аз 7-сола боло ба одами нав зуд одат мекунанд, вале кӯдакони аз 3 то 7-сола категорияи махсус ба ҳисоб мераванд. Андешаи «модарам танҳо аз ман асту халос» дар зеҳни кӯдакони ин синну сол амиқ ҷой гирифтааст, онҳо намехоҳанд модарашонро бо ягон каси дигар қисмат намоянд, барои ҳамин дар симои падари нав душмани ашаддии худро мебинанд.
Ба ҳеҷ ваҷҳ аз домодшаванда соҳиби фарзанд буданатонро пинҳон надоред. Рафту рашки дутарафаро аз ҷониби фарзанд ва шавҳари наватон эҳсос намоед, кӯшиш кунед, ки онҳоро ба сайругашти якҷоя ва тайёр кардани хӯрок барин корҳо ҷалб намоед, танҳо дар ҳамин сурат онҳо эҳсос мекунанд, ки ҳарду ҳам барои шумо одамони даркорӣ ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД