Дар вилояти Хатлон ҷиҳати мушаххас кардани чеҳраи шахсияти нафақагирон (Face ID) бақайдгирии нафақагирон идома дорад. Бақайдгирии онҳо то 30-юми декабр идома хоҳад кард.
Қобил Файзализода, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки азнавбақайдгирии нафақагирон ва ё шинохти чеҳра дар шаҳру ноҳияҳо бомаром идома дорад. Ӯ мегӯяд, ки шуруъ аз аввали декабр то имрӯз 232 ҳазору 319 нафақагир шиносоӣ шудаанд. Ба таъкиди вай, то охири моҳ бақайдгирӣ ба охир расонида хоҳад шуд.
“Маъюбону пироне, ки имкони омадан ба ҷойи лозимаро надоранд, дар макони зисташон ба қайд гирифта мешаванд”,- гуфтааст ӯ.
Дар вилояти Хатлон 311 ҳазору ҳазору 669 нафақагир зиндагӣ мекунанд, ки наздики 232 ҳазору 320 нафари онҳо бақайд гирифта шудаанд.