arzon replenishment
Ба тоҷики амрикоӣ ба шавҳар баромада бадбахт шудам
25.09.2022
ОИЛА
1836


Ману шавҳарам тавассути “скайп” бо ҳам издивоҷ карда будем, зеро Парвиз дар яке аз шаҳрҳои Амрико таҳсил мекард ва имкони ба Ватан омаданро надошт. Домодро ягон бор надида будам, вале хешу табор Парвизро таърифкунон ба осмони ҳафтум бароварда, бачаи босаводу бомаънӣ гуфта, маро ба ин издивоҷ розӣ кунонданд.

Тибқи маслиҳати калонсолон моро тавассути “скайп” никоҳ карданд ва баъди як ҳафта ба назди шавҳарам рафтам. Шавҳарам дар кадом корхонае кор мекард, ки субҳи содиқ аз дар баромада, баъди шом бармегашт. Ман рӯзи дароз дар хона танҳо будам ва ғайр аз чор девор дигар ҳамрозу ҳамнафасе надоштам. Аввалҳо муносибати шавҳарам бо ман чандон бад набуд, вале рафта-рафта аз сардиву бемеҳрии ин тоҷики амрикоишуда чунон дилгир шудам, ки мехостам ба паррандае мубаддал гашта, ба назди азизонам баргардам. Шабу рӯз ба Парвиз мегуфтам, ки ба Ватан баргаштан мехоҳам, волидонамро пазмон шудаам, вале шавҳарам гӯё маро намешунид. Баъзан ҷонаш ба лабаш расида ба сарам дод мезад:

«Ту бесавод, қонуну қоидаҳои ин кишварро намедонӣ, охир ман туро чӣ хел ба Ватан равон мекунам?!» Рӯзи дароз дар миёни чор девор танҳо нишаста, қариб аз ақл бегона мешудам. Шавҳарам дид, ки аҳволам бад шуда истодааст, илоҷе карда, барои маро ба Тоҷикистон равон намудан иҷозатнома гирифт ва ман мисли кабӯтари аз қафас озодгашта бо майли том ба Ватан баргаштам. Инак, чанд моҳ аст, ки дар ҳалқаи азизонам нафаси осуда мекашам.

Намехоҳам дубора ба он кишвари зебо, вале бегона баргардам.
Д.Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД