Темур Раҳимов, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар доираи қадрдонии ҷоизадорони Париж-2024 аз ҷониби Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби хонаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия ва 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ шуд.
Дар маросими супоридани туҳфаҳои МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар чорабинии хоссаи оммавӣ ва бо иштироки сокинони зиёди ноҳия доир шуд, ба Суҳроб Абдураҳмонов - мураббии Темур Раҳимов низ мукофоти пулӣ ба андозаи 10 000 сомонӣ тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Темур Раҳимов аз ҷониби Президенти кишвар, раиси шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардида буд.