Ба шарофати IRS боз як мошин аз сӯхтан эмин монд
54

Нуҳуми январи соли равон, ҳангоми убури плазаи толлингии «Чорух» автомошинаи сабукрави тамғаи "Опел зафира", рақами давлатиаш 00 52 SH 02 оташ гирифт. Хушбахтона, аз ин ҳодиса воситаи нақлиёт ё касе осеб надиданд. Қобили зикр аст, ки барои фавран хомўш намудани сӯхтори зикршуда саҳми кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” арзанда аст.

Лозим ба ёдоварист, ки рух додани чунин ҳодиса дар масири Душанбе - Чаноқ маротибаи аввал набуда, ҳолатҳои мазкур зиёданд. Муҳим он аст, ки ҳамеша маҳз ба шарофати кормандони IRS автомобилҳо эмин нигоҳ дошта шуда, ҳаёти ронандагону мусофирон ҳифз гардиданд. Барои мисол, сеюми ноябри соли 2024 дар плазаи дигари марбут ба филиали Ширкат (минтақаи "Ҳушёрӣ") сӯхтори автомобили сабукрав ба амал омада буд. Ҳамон вақт низ кормандони IRS фавран ба кумаки соҳиби автомобил расида, онро аз нобудшавӣ наҷот доданд. Дар ин робита зикр кардан бамаврид аст, ки дар баробари дигар масоил, маъулини IRS ба пешгирии сӯхтор низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, корҳои амалигардида шоистаи таҳсинанд.

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 10-уми феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида буд, ки дар он ҳамрадиф бо дигар масъулин, директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карда, сухан гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии  «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеа бахшидани корҳо дар робита ба таъмини бехатарии шаҳрвандон  муваззаф намуда буданд. 

Дар ин замина, филиали Ширкат автомобили махсуси сўхторхомўшкуниро, ки ҷавобгўйи талаботи замони муосир аст, харидорӣ ва барои таъмини бехатарӣ аз сўхтор ба нақби «Шаҳристон» сафарбар карда буд. Автомобили мавриди назар ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон ва таъмини амнияту бехатарӣ истифода шуда истодааст.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки автомобили мазкур намунаи навтарину беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, дар асоси тавсияи мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд. Барои фаъолияти муназзами он бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат дастаи махсуси оташнишонҳо (иборат аз 15 воҳиди корӣ) таъсис ёфта, нигоҳдории даста ва пардохти музди меҳнати аъзои он аз ҷониби IRS амалӣ мегардад. Дастаи мазкур дар нақби «Шаҳристон» мустақар шуда, барои онҳо макони будубош омода шудааст.

Фаъол будан вобаста ба таъмини бехатарии шаҳрвандон идомаи мантиқии иқдомоти марбут ба ин масъала дар роҳи Душанбе - Чаноқ ба ҳисоб рафта, далели возеҳи нигоҳбони боэътимоди ҷодаи мазкур ва бениҳоят масъулиятшинос будани IRS аст.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД