Formula novemver 2024
Ба шахси заҳролудшуда чи гуна бояд ёрӣ расонд?
495

Сарфи назар аз синну сол ҳар як инсон аз хӯрок, об ва ё доруҳои кимиёвӣ зарҳолуд шуда метавонад. Хатари заҳролудшавӣ махсусан дар фасли тобистон зиёдтар аст. Одамон бештар дар ҳавои гарм аз хӯрдани хӯроки вайроншуда, меваю сабзавоти ношуста, нӯшидани оби ноҷӯшида ё оббозӣ дар обҳои ифлос ва сабабҳои дигар заҳролуд мешаванд.

Бисёриҳо заҳролудшавиро мушкилӣ муввақатӣ шумурда, ба мариз чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин ғалати бузург аст. Заҳролудшавиро набояд дасти кам гирифт, зеро дар сурати сари вақт ёрӣ нарасонидан ба шахси заҳролудшуда, бар асари қайъкуниии зиёд ва шикамрав дар муддати кӯтоҳ ҷисми бемор бо мушкилӣ беобшавӣ дучор шуда, беҳолу бемадор мешавад ва ҳатто метавонад аз ҳуш равад.

Заҳролудшавӣ ҳамчунин боиси хунравӣ, зиён дидани узвҳои муҳими дохилии инсон аз қабили меъда, рӯдаҳо, гурдаҳо ва ҳатто дил гашта метавонад, бинобар ин, ҳар як шахс бояд хуб донад, ки дар ҳолати заҳролудшавӣ ба одами заҳролудшуда чӣ гуна бояд кӯмак расонд?

Нишонаҳои заҳролудшавӣ
Заҳролудшавӣ асосан бар асари афтидани микроорганизмҳои зараровар, заҳр ё доруҳои кимиёвӣ ба организми инсон сар мезанад. Нишонаҳои асосии заҳролудшавӣ аз ғизо инҳоянд:
1. Дарди шадид дар қисмати болоӣ ё поёнии шикам, ки пас аз чанд соати истеъмоли ғизои вайроншуда сар мешавад.
2. Дамиши шикам ва эҳсоси нороҳатӣ
3. Дилбеҳузурӣ ва қайъкунӣ. Дараҷаи заҳролудшавии ҷисми инсонро аз қайъкуниаш фаҳмидан мумкин аст. Агар шахс ба шакли сабуки заҳролудшавӣ гирифтор гашта бошад, дар як шабонарӯз то 5 маротиба қайъ мекунад. Шакли миёна 10-15 маротиба ва зимни шакли вазнини заҳролудшавӣ кас бештар аз 15 бор дар як шабонарӯз қайъ мекунад, ки ин бисёр хатарнок аст.
4. Дарунрав, то 10-15 маротиба дар як рӯз. Ислоҳ ва қайъкунии зиёдметавонад боиси беобшавии организми бемор гардад.
5. Баланд шудани ҳарорати бадан. Маъмулан зимни заҳролудшавӣ ҳарорати бемор то 38 дараҷа баланд мешавад, вале дар баъзе ҳолатҳо табби мариз то ба 40 дараҷа расида, табларза мекунад.
6. Якбора ниҳоят паст шудани ҳарорати бадани мариз бар асари заҳролудшавии шадид. Ин ҳолати аз ҳама хатарнок ба шумор меравад, зеро оқибатҳои ноуворро ба бор оварда метавонад.
7. Табларза
8. Беҳолию бемадорӣ
9. Дарди банду буғумҳо
10. Пастшавии фишори хун
11. Сарчархзанӣ ва дарди сар
12. Хоболудӣ
13. Тез-тез задани дил
14. Хушкшавии пӯшти бадан
15. Эҳсоси нафастангӣ ва хирашавии чашмон
Ба шахси заҳролудшуда чи гуна бояд ёрӣ расонд?
Барои ба шахси аз ғизои фосид заҳролудшуда ёрӣ расонидан корҳои зеринро анҷом додан лозим аст:
1.Тоза кардани меъда ва рӯда аз заҳр-ғизои вайроншуда.
2. Мусоидат намудан ба хориҷшавии заҳрҳо (выведения токсинов) аз ҷисми инсон.
3. Талош баҳри ба эътидол овардани меъёри об дар ҷисми бемор.
4. Истифодаи антидотҳо
5. Тез-тез об додан ба мариз
6. Муввақатан, то тоза шудани ҷисмаш даст кашидани мариз аз хӯрок

Меъдаро чи тавр мешӯянд?
Бемор ба заҳролудшавии шадид гирифтор шуда, тез-тез қайъ кунад ва шикамаш равад, пеш аз ҳама меъдаашро шустан лозим аст. Барои шустани меъда дар шароити хона тахминан 5-10 литр оби ширгарми ҷӯшонидашуда, намак, сода ва ё марганцовка лозим мешавад.

Беморро сарпоён хобонда оби ҷӯшонидашудаи ширгарми намаки оши, сода ва ё марганцовка (камранг бошад) доштаро ба ӯ нӯшондан мегиред ва маҷбур месозед, ки қайъ кунад. Ҳар боре, ки мариз қайъ мекунад, меъдааш аз токсинаҳо тоза шудан мегирад. Амалиётро то лаҳзаи хориҷ шудани оби тоза аз меъда давом додан лозим аст.
Дар хотир дошта бошед!

Гузаронидани амалиёти шустани меъда ба шахсоне, ки мушкили вайроншавии гардиши хун, захми меъда ё хунравӣ аз меъдаю рӯда доранд ва ё сактаи қалбӣ ва дигар мушкилоти ҷиддии дилро аз сар гузаронидаанд, қатъиян манъ аст!

Дар ҳолати бе ҳуш будани мариз ва хуруҷи табларза низ ин малиётро гузаронида мумкин нест! При тяжелом состоянии больного требуется вызвать «Скорую помощь». До приезда медиков для очищения кишечника можно поставить сифонную клизму (эффективна при ботулизме). Понадобятся раствор гидрокарбоната натрия, вазелин, емкость для воды и зонд. Дополнительные лечебные мероприятия:

Ба шахси заҳролудшуда кадом
доруҳоро додан лозим аст?
Ба шахсе, ки аз ғизо заҳролуд шудааст, доруҳои зерин кӯмак мерасонанд:
1. Активированный уголь
Дар шакли ҳаб дар дорухонаҳо фурӯхта мешавад. Доруи хеле арзон, аммо таъсирбахш аст, вале онро ба шахсоне, ки захми меъда ё мушкили хунравӣ аз меъдаю рӯда доранд, додан мумкин нест!
2. Карбопект
Дар шакли капсула ва ҳаб фурӯхта мешавад. Доруро ба бемор бо дарназардошти вазнаш додан лозим аст.
Ультра-Адсорб.
3. Лактофильтрум
Микрофлораи организмро дар муддати кӯтоҳ барқарор месозад, вале онро ба шахсоне, ки мушкили ногузароии рӯда (кишечная непроходимост) ва ё захми меъдаю хунравӣ аз меъдаю рӯда доранд, додан мумкин нест.
4. Полисорб МП.
Дар шакли хока дар дар дорухонаҳо фурӯхта мешавад ва бисёр муфид аст.
5. Смекта
6. Имодиум
7. Спопдиар
Диққат!
3 доруи охирро танҳо бо иҷозати духтур ба бемор додан лозим аст. Ин доруҳо шикамравро манъ мекунанд. Ин аз як тараф хуб аст, вале аз тарафи дигар, хориҷшавии заҳро-токсинаҳо аз организм душвор мешавад. Аз ҳамин хотир доруҳои зидди ислоҳро танҳо духтур ба бемор таъин карда метавонад.
Барои кам кардани дард шумо метавонед ба бемор доруҳои зеринро диҳед:

1. Но-Шпа
2. Папаверин
3. Спазмалгон

Барои халосӣ аз дилбеҳузурӣ ва манъ шудани қайъкунӣ ин доруҳоро ба мариз додан лозим аст:
1. Церукал,
2. Метоклопрамид,
3. Перинорм.

Мариз, агар мушкили сахтшавии дарун дошта бошад, ба ӯ ин доруҳоро диҳед:
1. Нормазе
2. Дюфалак

Барои халосӣ аз микробҳо метавонед доруҳои Фуразолидон, Энтерофурил, Экофурил, Мирофурил, Линекс, Хилак Фортеро ба бемор диҳед.

Дар кадом ҳолат шахси заҳролудшударо
ба беморхона бурдан лозим аст?
Маъмулан заҳролудшавиро дар шароити хона табобат мекунанд, вале дар ҳолатҳои зерин маризро ҳатман ба беморхона бурдан лозим аст:
1. Торафт вазнинтар шудани ҳолати бемор
2. Ба мушоҳида расидани нишонаҳои беобшавии организм
3. Табларзаи шадид
4. Аз ҳуш рафтани мариз
5. Хунравӣ аз даҳон ё қафои мариз.

Аз давоҳои халқӣ чиро метавон истифода бурд?
Барои ёрӣ расонидан ба шахси заҳролудшуда шумо метавонед аз давоҳои халқӣ низ истифода баред. Ба таври мисол, гиёҳоби бобуна (Ромашка) таъсири хеле худ дошта, ҷисмро аз микробҳо тоза мекунад. Бобуна таъсири зидди илтиҳобӣ низ дорад.

Барои тайёр кардани ин гиёҳоби муфмид ҳамагӣ 5 қошуқ баргҳои хушки бобуна ва ним литр оби ҷӯшомада лозим аст. Бобунаро ба зарфе андохта аз болояш оби ҷӯғшидагиро резед ва монед 20 дақиқа истад, сипас онро полонда,дар як рӯз 3-4 маротиба 50-100 грамми ба бемор додан лозим аст.

Чойи кабуд, меваи хуч, оби бо асал ва укроп омехташуда ва оби ҷӯшомада бо афшурдаи лимӯ низ зимни заҳролудшавӣ бисёр фоидабахшанд.

Парҳез зарур аст!
Шахси аз ғизои фосид заҳролудшуда бояд дар соатҳои аввал аз истеъмоли хӯрок ба пуррагӣ даст кашад. Ба мариз танҳо оби ҷӯшомадагӣ додан лозим аст, то ки ҷисмаш бо мушкили беобшавӣ гирифтор нагардад.
Шахсе, ки заҳролуд шудааст, бояд як шабонарӯз аз истеъмоли нони сафед, хӯрокҳои равғанин, бирёнӣ, сахт, тез, шӯр, тамоми намудҳои консерва, ҳасиби дӯддодашуда, карам, донагиҳо, меваю сабзавот, нӯшокиҳои спиртӣ, обҳои газнок парҳез намояд.

Ба шахси заҳролудшуда баъди пушти сар кардани ин мушкил аввал кам-кам, оби биринҷ, шавлаи биринҷӣ, пюреи картошка, шӯрбоча (бульон) ва нони хушк дода, баъди пурра хуб шудани саломатиаш ба реҷаи маъмулии хӯрокхӯрӣ гузаштан лозим аст.
Тобистонро фасли тилолоӣ мегӯянд, вале дар ин фасли заррин худро аз заҳролудшавӣ бояд эҳтиёт кард!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД