arzon replenishment
Ба шахси моргазида чӣ гуна кумак расонидан мумкин аст?
1479

Дар қаламрави кишвари мо, хоса дар минтақаҳои кӯҳӣ морҳо хеле зиёданд. Одамон бештар дар фаслҳои баҳор ва тобистон дучори ҳамлаи мор мегарданд. Заҳри мор хавфнок аст, бинобар ин, ҳангоми сайру саёҳат дар кӯҳистон ва дашту пушта эҳтиёт шудан лозим аст.

Ҳолатҳое мешаванд, ки кас чӣ тавр наздик шудани морро нафаҳмида мемонад ё бо ягон сабаби дигар ӯро мор мегазад. Аксарияти одамон дар чунин ҳолатҳо даступохӯрда шуда, чӣ кор карданро намедонанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи тарзу усулҳои расонидани ёрии аввалин ба шахси моргазида маълумот медиҳем, то дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин тавсияҳо истифода баред.

Заҳри мор ба киҳо бештар хатар дорад?

1. Пеш аз ҳама кӯшиш кунед, ба таҳлука наафтед. Заҳри мор албатта хавфнок аст, вале на ҳамеша одамро мекушад. Дар сурати дуруст расонидани ёрии аввалин ва сари вақт ба духтурхона бурдани шахси моргазида ҷонашро наҷот додан мумкин аст.

2. Мор одамро аз даст ё пояш газида бошад, чандон хавфнок нест, вале аз сар ё гарданаш газад, хатарнок аст, чунки заҳр хеле зуд ба майнаи сар рафта, шахси моргазидаро фалаҷ кардан ё куштанаш мумкин аст. Мор аз гардани одам газад, ҷойи моргазида ба зудӣ варам карда, шахси моргазида нафасгир мешавад. Дар чунин ҳолат фавран моргазидаро бояд ба беморхона бурд, дар акси ҳол бо хатари марг рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст.

3. Кӯдакони хурдсолро эҳтиёт намоед, зеро газидани мор барои кӯдакон ва шахсоне, ки системаи муҳофизатии организмашон суст аст, хатарнок мебошад.

4. Шахсони ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифтор, ҳамчунин касоне, ки аллергия доранд, бояд эҳтиёт бошанд, зеро газидану заҳри мор барои ин тоифа низ хеле хатарнок аст.

Одамро мор газид, чӣ бояд кард?

1. Вақте одамро мор мегазад, аввалин коре, ки кардан лозим аст, пешгирӣ намудани паҳншавии заҳр ба тамоми организм мебошад. Ин корро бо кӯмаки зарфҳои шишагин аз қабили стакан ва бонка кардан мумкин аст. Тавре ки табибон ба бемор бонка мемонанд, ҳавои дохили зарфро бо ёрии оташи гӯгирдҷӯб ё зажигалка сӯзонда, баъд онро ба ҷойи моргазида гузоред.

2. Аксарият дар чунин ҳолатҳо кӯшиш мекунанд, ки бо даҳонашон заҳри морро макида гиранд, вале ин кор бисёр хатарнок аст. Заҳр метавонад ба ҷисми одами солим ворид гашта, оқибатҳои нохушро ба бор оварад.

3. Шахси моргазида ангуштарину даспона дошта бошад, фавран онҳоро бигиред. Либос ва пойафзоли танг пӯшида бошад, зуд онҳоро кашед, зеро ҷойи моргазида ба зудӣ варам мекунад.

4. Ба шахси моргазида оби зиёд нӯшондан лозим аст. Қандчой бошад, беҳтар. Обро кам-кам нӯшидан лозим аст.

5. Ба шахси моргазида доруҳои пасткунандаи дард ва зидди аллергия диҳед.

6. Мор одамро аз даст ё пояш газида бошад, ҷойи захмро ҳатман бандед. Ҳар қадаре, ки даст ё пойи моргазида камтар ҳаракт кунад, ҳамон андоза заҳр оҳистатар дар организм паҳн мешавад.

7. Пас аз бастани ҷойи захм ҳатман шахси моргазидаро ба беморхона баред.

Кадом амалҳо манъ аст?

1. Ҷойи моргазидаро намакед!

Кӯшиш накунед, ки ҷойи моргазидаро макида, заҳрро кашида гиред. Эҳтимол бо ин амал шумо метавонед ҳамагӣ 2-5 фоизи заҳрро макида гиред, вале фишор дар минтақаи моргазида зиёд шуда, боиси даридани бофтаҳо гашта метавонад. Дар ин ҳолат заҳр босуръат дар организм паҳн мешавад.

2. Ҷойи захмро бо жгут набандед!

Аксарият бо мақсади пешгирӣ кардани паҳншавии заҳр дар организм каме болотар аз ҷойи захм резин-жгут гузошта, маҳкам мебанданд, вале ин кор хато аст. Амали мазкур боиси бад шудани ҳолати шахси моргазида ва варам кардани ҷойи захм мегардад. Гардиши хун тамоман манъ шуда, бофтаҳо метавонанд бимиранд ва даст ё пойи шахси моргазида хушк шавад.

3. Ба ҷойи моргазида гиёҳҳои шифобахш набандед!

Бисёриҳо ба ҷойи моргазида пудина ё дигар гиёҳи шифобахшро гузошта мебанданд, аммо ин кор ба ҷойи фоида, баръакс зарар расонида метавонад. Бо ин роҳ заҳр аз организм намебарояд, вале ҳар хел инфексияҳо ба ҷойи захм ворид шуда, ҳоли моргазидаро бадтар гардонида метавонанд.

4. Буридан ё сӯзондани ҷойи захм манъ аст!

Буридан ё гузоштани ҳар хел ашёҳои дар оташ гармкардашуда ба ҷойи моргазида, қатъиян маъ аст. Ин зарре фоида надорад, баръакс хеле хавфнок буда, ба ҷабрдида зиён расонида метавонад.

5. Арақ нанӯшед, сигор накашед!

Нӯшидани машруботи спиртӣ-арақ, вино, коняк, пиво ва тамоку кашидан баъди газидани мор қатъиян манъ аст.

Фаромӯш накунед!

Вақте ки одамро мор газид, ҳатман бо кадом роҳе, ки набошад, шумо бояд дар тӯли 30 -60 дақиқа ӯро ба беморхонаи наздиктарин расонед. Табибон позаҳр, яъне доруҳои махсус мегузаронанд, то ки таъсири заҳри мор рафъ шавад. Дар сурати риоя намудани реҷаи бистарӣ ва табобати дуруст шахси моргазида дар тӯли якуним- ду ҳафта шифо меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД