Дар давари ҳисоботи 53 ҳодисаи ҷиноятӣ савдои одамон ба қайд гирифта шудааст, ки 22 нафар дастгир шуданд. Аз ин миқдор 8 нафар мард ва 14 нафар занҳо мебошад.
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ ин нуқтаро қайд кард.
Нишасти хабарии имрӯза бо ҳузури Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии кишвар ва дигар намояндагони ин сохтор шуда гузашт, ки дар он як қатор масъалаҳо, аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ, қаллобӣ, савдои одамон таҷовуз ба номус, одамкушӣ ва дигар оморҳо пешниҳоди хабарнигорон гардид.
Ҳамчунин шумораи таҷовуз ба номус нисбати ноболиғон низ қайд гардид, ки 8ҳолатро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, ду ҳолат зиёд мебошад. Таҷовуз аз тарафи ноболиғон бошад, 4 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисабт ба ҳамин давари соли гузашта (13 ҳолат ба қайд гирифта шудааст) 9 ҳолат кам мебошад.
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4437 нафар дар муасиссаҳои тандурустии норкологӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз 100 нафарро занон ташкил медиҳанд, гуфт Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ.