Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ!
Ман, як зани муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Самараи Русия ҳодисаи хеле ногувори ба сарам омадаро ба шумо нақл карда, дар ҳаллаш маслиҳат пурсиданиям.
Саодат ном дорам ва модари се фарзанд мебошам. Зани шавҳардор бошам ҳам, чанд сол боз аробаи зиндагиро худам мекашидам, чунки падари бачаҳоям дар ягон ҷо кор намекард. Ростӣ, аввал дар бозор нонфурӯш шудам, баъд ба савдои меваю сабзавот гузаштам, вале зиндагиамон ҳеҷ беҳ нашуд, ки нашуд. Фарзандонам торафт калон шуда, талаботашон меафзуд,аз ҳамин хотир маҷбур шудам, ки роҳи Русияро пеш бигирам.
Бо ёрии ду-се хешу таборам, ки чанд сол боз дар ин шаҳр кор мекунанд, дар Самара ҷойи кори хуб ёфтам. Дар мулки мардум дар сармоиқаҳратун ҳар рӯз 10-12 соат кор карда, тамоми маблағи ба даст меовардаамро ба хона равон мекардам. Азбаски хонаву дар надоштем, ҳатто дар шиками худам нони серӣ намехӯрдам, то ки зудтар манзил гардем.
Ростӣ, як порча замин доштем ва шавҳарам дар бадали 5-сол бо пулҳое, ки дар Русия бо меҳнати сангин ба даст меовардам, хонаи зебое бунёд намуд, ман бошам, сарамро ба сад дар зада шаҳрвандии Русияро низ гирифтам. Акнун ният доштам, ки ба Тоҷикистон рафта, шавҳару фарзандонамро меорам, то ки онҳо низ соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд, вале чанд рӯз пеш зани ношиносе занг зада гуфт, ки аз шавҳари ман писар таваллуд кардааст. Ростӣ аввал ин гапро шӯхӣ гумон кардам, вале баъд он зан расмҳои бо шавҳарам гирифтаашро ба ман фиристоду даҳонам воз монд. Дар ҳақиқат шавҳарам бо лаби пурханда як тифли парпечи навзодро аз таваллудхона мебаровард. Хун ба сарам зада, дарҳол ба падари фарзандонам занг задам. Аввал зан гирифтанашро пинҳон дошт, вале вақте расмҳои фиристодаи зани дуюмашро равон кардам, дигар илоҷ наёфта, иқрор шуд, ки дар ҳақиқат аз ман пинҳонӣ бо ин зан никоҳ карда, писардор шудааст.
Шавҳарам худашро сафед карда мегӯяд, ки ту чанд сол боз дар Русия мегардӣ, охир ман мард ҳастам, то ба кай тоқат карда мегаштам?! Ба гуфти худаш бо он зан муваққатӣ никоҳ карда будааст ва дилу нияти то охир бо ӯ зиндагӣ кардан надоштааст.
Мушкилот дар он аст, ки вақти гирифтани шаҳрвандии Русия ман худро ҳамчун зани шавҳардор муаррифӣ карда будам ва бояд акнун шавҳару бачаҳоям низ соҳиби шаҳрвандии Русия мегаштанд, вале баъди фош гаштани сирру асрори шавҳарам дилам аз ин мард ях барин хунук шуда, чи кор карданамро намедонам. Шавҳарам зориву тавалло карда истодааст, ки занак, ман як беақлӣ кардам ва аз кори кардаам пушаймон ҳастам. Ману ту се фарзанд дорем, биё, ба хотири бачаҳоямон аз гуноҳи ман гузар. Қасам мехӯрад, ки агар аз гуноҳаш гузарам, ҳамроҳи ману фарзандонам ба Русия омада, дигар ҳаргиз ёди зани дуюмаш намекунад.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Аз гуноҳи шавҳарам гузарам ё аз баҳри чунин марди занбоз гузашта барои ҷудо шудан ба суд ариза пешниҳод намоям?
Саодат аз ш. Самара