Номам Гулбаҳор аст. Дар хона духтари дуюм ҳастам. Апаам се сол пеш ба шавҳар баромада буд. Бояд маро ба писари ҳамсоя ба шавҳар медоданд, аммо писари ҳамсоя бо сабабҳои номаълум ба хонаи мо дигар хостгор нафиристод ва ин масъала пӯшида монд.
Ман низ ба синни 18 қадам мондам. Ростӣ, бо ҷавоне муддати 10 моҳ мешавад тавассути телефон пинҳонӣ гап мезанам. Хонаводаам инро намедонанд. Падару модарам хеле одамони хуб ҳастанд. Ин сирро танҳо хоҳарам медонаду халос. Акнун, ки 18-сола шудаам, тез-тез ба хонаи мо хостгорҳо меоянд. Инак, хостгоре омад, ки ба хонаводаи ман писанд омад. Тӯйро ҳафтаи дигар аниқ карданд.
Ман шахсан рафта, аз зани ҳамсоя кӯмак пурсидам, ки ошиқ доштанамро ба модарам фаҳмонад. Аммо зани ҳамсоя дар бораи дӯстдошта доштани ман фаҳмида, асабҳояш хароб шуд. Рӯзе хостгорҳо барои маслиҳати тӯй омаданд. Ман ба дӯстдоштаам занг зада гуфтам, ки зудтар хостгорҳоятро равон кун. Баъди як соати занг заданам модар ва чанд нафар аз оилаи ҷавон ба хонаи мо омаданд. Модарам ба онҳо гуфт, ки мо аллакай духтарро додаем.
Ба хонаи ҳамсоя рафтам, то ки омада, ба модарам ҳамаашро фаҳмонад. Аммо аз тарзи гапзании ҳамсоязан фаҳмидам, ки ӯ низ намехоҳад мо якҷоя бошем.Падару модарам низ ба хостгорон ҷавоби рад доданд. Ба ғазаб омада, таҳдид кардам, ки агар маро ба дӯстдоштаам надиҳанд, билет харида мегурезам. Аммо онҳо тӯйи маро ҳафтаи дигар қарор додаанд. Лутфан кӯмак кунед. Дӯстдоштаам мехоҳад, ки ман билет гирифта, ба наздаш парвоз кунам, аммо ман дудила ҳастам. Ҳафтаи дигар тӯй дорам. Ба маслиҳати шумо ниёз дорам.
Гулбаҳор
Кароматуллои Имомалӣ