Sebiston new 2024 october
Ба намакдон туф накардан ҳунар аст!
13.08.2022
Насим
3037



Солҳост, ки дарди ҷонсӯзе азобам медиҳад. Пас аз фикру андешаи зиёд ба қароре омадам, ки дарди дили худро навишта, ба идораи ҳафтаномаи “Оила” ирсол намоям. Шояд бо ҳамин роҳ дардам сабуктар гардад...

Писари деҳотие будам. Парвои одаму оламро надоштам. Падару модарам аз кори замин хаста меомаданду бо буду набуд қаноат намуда, рӯзгори худро пеш мебурданд. Худро таъриф намекунам, вале дар мактаб аълохон будам. Бо вуҷуди серкорӣ тамоми вақти холигии худро пайи омӯзиш сарф мекардам. Ҳамин кӯшишу ғайратам буд, ки мактаби деҳаро бо баҳои аъло хатм кардам. Орзӯи ҳар ҷавонписару ҷавондухтар пас аз хатми мактаби миёна шомил шудан ба донишгоҳ аст ва ин орзуро ман низ дар дил мепарваридам.

Пас аз гирифтани номаи камол роҳ пеш гирифтам ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар. Имтиҳонҳои қабулро бо баҳои аъло супурдам ва ба сафи донишҷӯён шомил шудам. Волидонам хеле шод буданд ва мехостанд барои таҳсил карданам шароити хуб муҳайё намоянд, намехостам барои онҳо дарди сари зиёдатӣ шавам.

Салом Душанбе!

Пеш аз оғози таҳсил аз пайи дарёфти хобгоҳи муносиб ба шаҳр рафтам. Хобгоҳҳои донишгоҳро дидам, вале шароити онҳо бароям писанд наомад. Як дӯстам маслиҳат дод, ки дар хонаи ягон хешу табори шаҳриямон иҷора шинам. Ин фикр писандам афтод, чунки аз як тараф шароити хуб, аз тарафи дигар ба дидори хешовандон мушарраф мешудам. Як хеши дурамон дар канори шаҳр зиндагӣ мекард. Ба хонаи онҳо рафта, баъди каме нишастан, сари мақсад омадам. Онҳо бе ягон дудилагӣ розӣ шуданд. Амаки Рӯзимурод гуфт, ки “Хонаву дарамон бисёр, метавонӣ мисли хонаи худатон омада, зиндагӣ кунӣ”. Аз пайдо кардани сарпаноҳ шод шудам ва ба деҳа баргаштам, зеро то оғози таҳсил ҳоло понздаҳ рӯзи дигар боқӣ монда буд.
Як рӯз пеш аз таҳсил дуои падару модарро гирифта, ба шаҳр, ба хонаи ҳамон хешамон рафтам. Маро дар даромадгоҳи хона духтари амаки Рӯзимурод Шаҳло пешвоз гирифт. Шаҳло духтари зебо ва хушсарулибос буд. Ӯ дар мактаби деҳа ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт дарс мегуфтааст.

Шаҳло як акаву се додар дорад, ки акааш аз ӯ ду сол ва додаронаш ҳар яке аз ҳамдигар як ё якуним сол хурд ҳастанд. Акааш дар Русия, дар муҳоҷират ва додаронаш мактабхон буданд. Онҳо дарҳол омада, ҷомадонҳои маро ба хона дароварданд. Аз пешвозгирияшон дарк кардам, ки барояшон одами зиёдатӣ нестам. Модараш – холаи Бибисоро низ хуш истиқболам гирифт. Амаки Рӯзимурод бегоҳ аз замини обчакории пушти хонаашон омад ва маро ба сари дастурхони худашон даъват карда гуфт, ки “аз имрӯз иборатан ту аъзои оилаи мо ҳастӣ, ҳамроҳ бо мо хӯрок хоҳӣ хурд”.

Пагоҳӣ субҳи барвақт хеста, омода шудам ва роҳи донишгоҳро пеш гирифтам. Бо Шаҳло якҷоя аз хона баромадем. Ӯ роҳ ба сӯи мактаб гирифту ман ба тарафи донишгоҳ. Рӯзи аввал бо шиносоӣ сипарӣ шуд. Бо ҳамкурсон ҳамсуҳбат шудем. Бегоҳ дар хона ҳангоми хӯроки шом аз хуб будани шароити таҳсил дар донишгоҳ гуфтам.
***

Аз оғози таҳсил як ҳафта гузашт. Пас аз дарс ба хона рафта, ба корҳои амаки Рӯзимурод кӯмак мекардам. Шабҳо бошад, ба китобхонӣ ва омӯзиш машғул мешудам. Аз миён як моҳ сипарӣ шуд. Бегоҳие пас аз хӯроки шом Шаҳло дар дасташ дафтари бисёр ба наздам омад. Ӯ суханро аз корҳояш оғоз карда, то ба мушкилиҳо гуфт. Пас аз он хоҳиш кард, ки “саводи ту хуб аст, ҳамин дафтарҳоро тафтиш карда медодӣ. Вақтам кам, вагарна худам тафтиш мекардам”. Бо ҷону дил қабул кардам, чун ин кор чандон вақти зиёдро талаб намекард.
Ҳамин тавр ҳаёти донишҷӯиям то нисфирӯзӣ дар донишгоҳ, пас аз он дар замини амаки Рӯзимурод ва бегоҳӣ ба хондану тафтиши дафтарҳои Шаҳло сипарӣ мешуд. Рӯзҳои ҷумъа бегоҳӣ ба хона мерафтам ва рӯзҳои якшанбе бегоҳ боз гашта меомадам.
Дар танҳоӣ


Як бегоҳи якшанбе ба шаҳр – хонаи амаки Рӯзимурод омадам. Дарро кӯфтам, овозе набаромад. Ҳайрон шудам. Бори аввал медидам, ки хонаи онҳо беодам бошад. Баъди чанд дақиқа Шаҳло дарро боз кард. Аз ӯ сабаби сокит будани ҳавлиро пурсидам. Ӯ гуфт, ки дар хонаи холааш тӯй будааст, ҳама ба онҷо рафтаанд. Сабаби нарафтанашро пурсидам, гуфт, ки “Холаам мехост маро ба писараш келин кунад, вале ман рад кардаму хонданамро баҳона кардам. Ӯ ҳам интизор монд, то ман тамом кунаму маро келин кунад, вале ман писари ӯро дӯст намедоштам ва барои ҳамин гуфтам, ки ба писари шумо намерасам. Имрӯз тӯйи ҳамон писари холаам аст, барои ҳамин ман нарафтам”.
Шаҳло вақти намози шом даъват кард, ки ба хӯрокхӯрӣ равам. Дилам намехост, вале исрор намуд, ки равам. Хӯроки болаззате омода карда буд. Онро хӯрдему Шаҳло дафтарҳояшро овард ва пешниҳод намуд, ки ҳамроҳ тафтиш кунем.

То дергоҳ ба тафтиши дафтарҳо машғул шудем. Ба ёдам ҳаст, ки охирон маротибаи ба соат нигоҳ карданам ақрабак ба тарафи як мерафт.Аз ман ду ва аз Шаҳло чор дафтар монда буд, намедонам чӣ гуна пинакам бурдааст, ки як вақт бӯсаву оғӯшгирии Шаҳло бедорам кард. Зуд аз ӯ худро дур гирифтам. Ӯ маро ба ҳамхобагӣ даъват мекард, вале боисрор гуфтам, ки “Ман ба намакдон туф карданӣ” нестам. Туро ҳамчун апа қабул кардаам. Илтимос, маро беобрӯ накун. Ман чӣ тавр назди падару модарат сар боло мекунам”. Ногоҳ Шаҳло ба худ омад. Чашмонаш мисли оташ месӯхтанд. Ба гумонам виҷдону номусу ҳаёаш низ месӯхтанд. Гиряро сар кард. Ман берун баромадам. Ба назди ҷӯйбор рафта, дасту рӯй шустам ва ба хонаи хоби худам даромадам. То саҳар дигар хобам набурд. Дилам бисёр хиҷил буд, вале ба худ гуфтам, ки “дигар дар инбора фикр нахоҳам кард. Фоҷиа набояд сохт, духтар аз ҳаяҷон намедонист чӣ кор мекунад”.

Аз ин ҳодиса даҳ сол сипарӣ шуд. Шаҳло ба шавҳар баромад ва соҳиби фарзанд шуд, ман низ. Вале баъзан ҳамон рӯзро ба ёд оварда ба худ мегуям, ки чӣ гуна фикри нодуруст одамро ба хатокориҳо мебарад. Ҳеҷ вақт сари ягон масъала оҷилӣ тасмим нагиред. Дар тарозуи андеша оқибати амалро бар кашида, пасон амал намоед, чун як фикри нодуруст одамро ба куҷоҳое, ки намебарад.
Комил
Таснифи Насим

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД