Коронавирус он қадар ҷомеаи ҷаҳониро ба тарсу ваҳм овардааст, ки акнун барои гирифтани воксинаҳои зидди Ковид-19 ба одамон ҳатто пул медиҳанд. Шахсони солманде, ки синну солашон аз 60-сола боло буда, нафақа мегиранд, барои гирифтани ҳарду вояи воксинаи зидди коронавирус соҳиби 2000 рубл мегарданд.
Тавре ки РИА-Новости хабар додааст, дар Хабаровск аз 20-декабри соли 2021 то 1-марти 2022 ба нафақахӯроне, ки ба таври ихтиёрӣ воксинаҳои зидди коронавирусро мегиранд, 2000 рубл медиҳанд. Губернатори Хабаровск Михаил Дегтярев ин тасмими худро шарҳ дода, чунин гуфтааст:
“Барои дастгирии насли калонсол мо тасмим гирифтем, ки ба ҳар як нафақахӯри синну солаш аз 60-сола боло барои гирифтани ҳарду вояи воксинаи зидди коронавирус 2000 рубл тақдим намоем. Ин иқдом аз 20-декабри соли 2021 то 1 марти солди 2022 идома меёбад. Нафақахӯрон дар давоми ду ҳафта, баъди гирифтани вояи дуюми воксина ин маблағро гирифта метавонанд. Шасхоне, ки корти МИР доранд, маблағ ба корташон гузаронида мешаванд, дигарон метавонанд пулро ба таври нақдӣ ва ё роҳҳои дигар бигиранд...”
Ёдрас мешавем, ки дар Русия чунин иқдомҳои дилгармкунанда барои ҷалби мардум ба воксинатсия тез-тез гузаронида мешаванд. Аз ҷумла ҳукумати шаҳри Маскав дар байни шахсоне, ки ба таври ихтиёрӣ воксинаҳои зидди коронавирусро мегиранд, як бозии бурднок мегузаронад. Аллакай туфайли ин иқдом чанд нафар сокинони шаҳри Маскав соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гаштанд.
Агар чунин иқдомҳо дар кишвари мо низ роҳандозӣ шаванд, мубориза ба муқобили коронавирус боз ҳам босуръатар хоҳад гашт.