Commerc banl
Ба муносибати 8-уми март тоҷикистониён се рӯз истироҳат мекунанд
05.03.2026
Oila.tj
104

Рӯзи Модар, ки дар Тоҷикистон 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, имсол ба рӯзи якшанбе рост меояд. Ба ҳамин хотир, сокинони кишвар аз 7 то 9-уми март истироҳат хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат (шанбе ё якшанбе) рост ояд, рӯзи кории баъдӣ низ рӯзи истироҳат ҳисобида мешавад.

Гузаронидани рӯзи истироҳат ба рӯзи дигари корӣ ба кормандоне дахл дорад, ки вақти корияшон аз ҳафтаи кории панҷрӯза бо ду рӯзи истироҳат (шанбе ва якшанбе) иборат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД