Arzon march 2024
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 4)
1642

ИДОМААШ...

Садои дарвоза баланд шуд. Касе онро бадқасдона кушод. Ё эҳтимол, шамол онро кушоду боз ба қаҳр пӯшид. Ин дарвоза ҳангоми кушодашавӣ аз худ ҳамин хел садои баланди гӯшхарош мебаровард.

Гӯё ба соҳибхона омадани касро пешакӣ хабар медод. Лекин шамолҳои босуръати ин диёр ҳам гоҳ-гоҳ вайро кушодаву пӯшида метавонистанд.

Ин садоро Фирӯза ҳис кард. «Атаҷонам меояд, атаҷонам!»-гуфта аз ҷой саросема бархост. ӯ ба модараш нигоҳ накарда, чолокона давида ба таги долон баромад. Модараш низ аз паси вай шуд. Аммо Фирӯза касеро надид. Садои пойеро низ нашунида монд. Чанд дақиқаи дигар таги долон истод. Ба садои борону бод гӯш медод. Фикри падарашро мекард, ки дар ин гуна шаби торики боронӣ чӣ гуна ба хона бармегардад.

-Ана дидӣ, касе нест, дарвозаро шамол кушодааст. Биё, ба ҳуҷра даро, духтарам. Падарат андак баъд меоянд,- гуфт модару дасти Фирӯзаро дошта ӯро ба ҳуҷра даровард.

Боз лабу лунҷи Фирӯза овезон шуд. ӯ ноилоҷ ба ҳуҷра баргашт. Назди оташдон нишаст. Модараш оташро даргиронда монд. Алав дар оташдон месӯхту ҳарорати хона баланд шудан мегирифт…

Садои дарвоза мисли пештара дигарбора баланд шуд. Фирӯза боз аз ҷой хеста сӯйи долон давид.

-Ба куҷо меравӣ, э духтар. Шамол аст, шамол! Дарвозаро шамол кушода истодааст,- гуфта овоз баланд кард модар. Лекин Фирӯза ба гапи модар гӯш надод. Ба таги долон расида, ба гирду атроф чашм давонд, вале ба ҷуз торикии ғализ дигар ҷойеро дида натавонист. Ҳама ҷо гӯр барин торик буд. Илова бар ин, гӯшҳояш як дам аз садо фориғ намемонданд, шикасти шиферпораҳо, шохаҳои дарахтон ба гӯшаш мерасид...

Фирӯза дилтанг шуд. Вай овоз бароварда, чанд маротиба «ата» гуфта бо тамоми ҳастияш фарёд зад. Аз ҳеҷ ҷонибе касе ба вай ҷавоб нагардонд. ӯ акнун оромиро беҳтар донист. Мисли сарбозони дар сафбуда таги долон рост меистод.

Сайёра аз хона баромад. Ба духтараш гуфт:

-Фирӯза, ту девона шудаӣ? Чӣ ин қадар «ата»- гуфта худатро девона мекунӣ. Гуфтам ку, падарат ҳозир меояд, ту як дам тоқат кун, ҷонамро ба танг овардӣ аз атагӯира.

Фирӯза аз модараш ранҷид. Ин гапҳои модар ба вай маъқул нашуданд. ӯ ин хел дағалиро намеписандид. Боз аз дил гузаронд, ки падараш ояд, ин дағалии модарашро ба падараш нақл мекунад, то падараш ба модараш ҷазо диҳад. Назанад ҳам, ягон гапи вазнин ба вай гӯяд, то ки модар дигар бо ӯ ин хел муносибат накунад.

Фирӯза ба ҳуҷра баргашт. Ба рӯйи модараш нигоҳ намекард. Ба қавле бо модар қаҳрӣ кард.

Қувваи барқ ҳам қатъ гардид. Сайёра, аз рӯйи одат, дар чунин шабҳои боронӣ ва шамол гӯгирд ва чароғро ҳамеша рӯйи даст, дар ҷойи муайян мегузошт. ӯ чароғро фурӯзон карду ба равоқе, ки махсус барои чароғ сохта шуда буд, гузошт. Фирӯза аз назди тиреза китоби «Алифбо»-ро гирифта, ба чароғ наздиктар нишаст. Китобро аз як сар варақгардон намуд. Сипас, боз ба аввали китоб баргашт. Ҷойҳои падараш ба ӯ омӯзондаро ёфта, такроран мехонд.   Вазифаи охирини падараш ба ӯ додаро ҳам ёфт. Ин мавзӯи ҳарфи «П» буд. Падараш дишаб ҳамин ҳарфро ба вай ёд дода буд. Ин аз ёди Фирӯза нарафтааст. Шаби гузашта баробари падараш ин ҳарфро такрор мекард. Аз мавзӯъҳои гузашта бошад, падараш ба Фирӯза баҳои панҷ эълон карда буд.

Чанд дақиқаи дигар ҳам паси сар шуд. Ногаҳ тап-тапи пой дар долон садо дод. Фирӯза сар боло накард. Ба қирраи чашм ба модар нигоҳи кӯтоҳе карда, гӯё диққаташ ба китоби дар дастбудааш банд бошад, хапу хомӯш менишаст, вале дар асл, монанди он ки бори вазнине аз сари китфаш ба замин афтода бошад, худро хеле сабук ҳис намуд. ӯ аниқ фаҳмид, ки одами дар берунбуда падараш ҳаст, зеро чунин одатро танҳо ӯ дошт. Вай ҳар рӯз ҳангоми аз кор баргаштан пойафзолҳояшро дар таги долон тап-тап мекӯфт. Фирӯза дар таги дилаш бағоят хурсанду мамнун гашт, вале шодияшро ба модар нишон додан намехост. ӯ китобро аз сари нав дигарбора варақгардон намуд.

Ба пешвози падараш набаромадани Фирӯза модарашро ҳайрон накард. Чунки модараш аниқ медонист, ки Фирӯза ранҷидааст. То агар падараш ба наздаш наояд, ба қавле яхи вай об намешавад, аз ҷояш намеҷунбад.

Сайёра ба пешвози Диловар баромад ва бо мақсади он ки чароғи хона каме бошад ҳам, берунро равшанӣ диҳад, дари хонаро кушода монд. Вайро бо ханда пешвоз гирифт. Диловар табассумкунон дарҳол аз ҳолу аҳволи ҳамсару духтараш пурсид...

Сайёра ба вай нигоҳ карду дастонашро пеши бар гирифта гуфт:

-Чаро ин қадар дер аз кор баргаштӣ ва ё ягон ҷойи дигар рафта будӣ?- ба шавҳараш наздик шуд Сайёра.

Диловар даст бар китфи Сайёра бурда, хам шуда пойафзолҳояшро аз пой кашиду ҷавоб дод:

-Сайёраҷон, имрӯз корамон аз ҳад зиёд буд, аз минтақа намоянда доштем. Барои ҳамин дер кардам,- Диловар рост шуда, ба чеҳраи кушодаи ҳамсараш нигоҳ карду суханашро идома дод:- Фирӯза чӣ аҳвол дорад, ӯ хоб аст?

-Не, ҳамин духтар шуморо нодида мехобад? Ҳеҷ гоҳ!

-Хайр, набошад ӯ дар куҷост? Чаро ин дафъа ба назди ман наомад?

Сайёра табассуми ширине карду лабашро таги дандон намуд ва даст бар пеши даҳон бурда бо овози пасттар гуфт:

-Э напурс, ҳамаро девона кард. Бегоҳӣ ба як аҳволи бад ӯро аз назди дарвоза овардам. «То атаҷонам наояд, ба хона намедароям!»- мегуфт. Ду маротиба шамол садои дарвозаро бароварда буд, ки ӯ давида ба таги долон баромад. «Ата!» гуфта дод мезад. Ба як аҳволи бад ӯро боз ба хона даровардам. Лекин аз вақте ки ба сӯйи ӯ дод задам, ӯ ба рӯям нигоҳ намекунад. Қаҳр кардааст.   Мисли арӯсҳои таги чодар ноз карда, китоби «Алифбо»-ро гирифта варақгардон карда истодааст.

Модар суханашро ба итмом расонда буд, ки Диловар худашро дошта натавониста бо овози баланд ханда кард. ӯ, одатан, аз шунидани ин гуна суханҳо дар бораи рафтори духтараш завқ мебурд.

Сайёраву Диловар ба ҳуҷраи дигар даромаданд. Аниқтараш дар ин ҳуҷра Диловар либосҳояшро иваз мекард. Албатта, Сайёра барои кӯмак вайро дар ин ҳуҷра ҳамроҳӣ менамуд, хоса дар ин шаби торику пурдаҳшат барои равшан кардани хона…

Сайёраву Диловар хеле ҷуфти муносиб буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намекарданд. Ҳатто дар ин қадар сари соли зиндагиашон касе овози баланди онҳоро нашунида буд. Аксар вақт бо якдигар бо меҳру муҳаббати самимӣ сухан мегуфтанд. Якдигарро дӯст медоштанд. Онҳо якдигарро на дар давоми зиндагии якҷоя, балки аз даврони мактабхонӣ дӯст медоштанд…

Диловар либосҳояшро иваз карда ба ҳуҷрае, ки Фирӯза дар он буд, даромад. Сайёра ҳам паҳлуи вай буд. Аммо Сайёра худашро дошта натавониста механдид. Ҳар ду аз дар даромада рост меистоданд. Дигар ба пеш ҳаракат накарда, ба Фирӯза менигаристанд. Фирӯза бошад, ба онҳо нигоҳи кӯтоҳ карду боз бо ғазаб китобашро варақ зад.

Диловар қомати баландашро каме хам карда, абрувони паҳни сиёҳашро ба боло бардошт. Дастони ғафси сермӯяшро паси пушт монд. Ба рафтори духтараш каме ханда кард. Илова бар ин ӯ чашмони зери мижаҳои сиёҳи дарозашро аз Фирӯза намеканд. Чӣ тавр ба қаҳр омадани духтарашро гӯё тамошо карда ҳаловат мебурд.

-Оҳо, ин духтараки ман чаро аз ман рӯй гардонда бошад-а? Барои чӣ назди ман намехезад, мисли дирӯза маро ба оғӯш намегирад,-бо меҳрубонӣ гуфт Диловар.

Сайёра паҳлуи вай мисли пештара механдид. Фирӯза бошад, сарашро баланд намегирфт ва даст аз варақгардонӣ намеканд.

-Хез-ку, муаллимачаи ман! Назди ман биё-ку! Туро кӣ ранҷонд –а? Ҳамин модарат? Ҷазояшро медиҳем, духтарам. -Биё!- гуфта дастонашро ба ду тараф кушода, боз камтари дигар қомати худро хам кард Диловар.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД