Sebiston new 2024 october
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 13)
1958

ИДОМААШ...


...Рӯзе Сайёра дар лаби чашма бо ҳамсари Сафарбег- Матлуба вохӯрд. Чанде аз ҳар бобат гуфтугӯ карданд.


Сипас, Матлуба ба маслиҳат пардохт, Сайёраро насиҳат мекард, ки ба шавҳар барояд, ҳоло ҷавон аст, зиндагияшро обод кунад, соҳиби хонаву дари обод ва «бачаву кача» шавад. Сайёра хомӯш меистод. Ба пандҳои Матлуба гӯш медоду чӣ ҷавоб гуфтанашро намедонист. Дар назараш ин суханҳои Матлуба, дар ҳақиқат, дуруст буданд. Охир, ӯ то кай дари хонаи мардум мезияд. Бояд дар зиндагӣ роҳу равиши худашро пайдо кунад. Бо касе оила барпо намояду соҳиби хонаву дар шавад. Ҳеҷ набошад, аз зери порисаи мардум ва таънаву маломату туҳматҳои занҳо халос мешавад -ку.

Матлуба дар охир ба ӯ гуфт:

-Сайёра, ман як бародар дорам. ӯ оиладор нест. Биё, туро бо он оиладор кунем. Фирӯзаро ҳам нағз нигоҳубин мекунад, мисли духтари худаш.

Сайёра каме ба пеши пояш нигоҳ карда, ҷавоб дод:

-Не, шавҳар намекунам.

-Гӯш кун, Сайёраҷон! Шавҳар накунӣ, чӣ кор мекунӣ? То кай дар хонаи мулло меистӣ. Боз худат медонӣ, ки дар бораат чӣ гапҳо бофтаанд. Аз ин гапу чапи мардумда шавҳар кунӣ, беҳтар аст. Ин мулло имрӯз то пагоҳ мемурад. Вақте мулло мурд, кӯдаку санги ӯ ҳеҷ гоҳ туро дар хонаашон роҳ намедиҳанд, пешат мекунанд. Ҳозир, ки сари вақт аст, ба шавҳар баро. Каме дигар синну солат равад, туро ҳеҷ кас ба занӣ намегирад. Бе ин ҳам ҳозира замонада мӯйсафедон духтари ҳаждаҳсола гирифта истодаанд.

Сайёра чанд дақиқа фикр кард ва:

-Ҳоло фикр кунам, баъд ҷавобашро ба ту мегӯям,-гуфт.

Тӯли чанд рӯзи дигар Сайёра андешиду ин мақсадашро ба мулло гуфт. Мулло Ҳикматулло аз ӯ хоҳиш кард, ки ин гуна фикрҳоро аз сараш дур кунад:

-Не, духтарам, ту ҳеҷ гоҳ фикри ба шавҳар баромаданро накун. Ба наздикӣ ту ҳамон зиндагии осудаи пештараатро боз пайдо мекунӣ, хушҳол мешавӣ, соҳиби хонаву дари худат мегардӣ.

«Боз ҳамон суханҳои афсонавӣ. Ин мулло девона шудааст, чӣ?»,- ба худ андешид Сайёра.

-Бобои мулло, ман дигар ҳеҷ гоҳ хушбахт шуда наметавонам. Ягона хушбатии ман Диловар буд, Диловар! ӯ мурду ҳама орзуву ҳавас, хандаву табассум ва хушҳолии маро бо худ бурд. Ман на ба хотири худам, балки ба хотири Фирӯза шавҳар мекунам. Охир, мо то кай дар хонаи ту меистем? Бояд роҳи худро ёбем, аробаи худамонро худамон кашем.

-Не, духтарам! Ман ба шавҳар карданат зид ҳастам. Он қадар вақти зиёд ҳам намонд, камакак. Ками дигар тоқат кун, ҳамааш нағз мешавад.

Сайёра ба суханони мулло гӯш надод. Вай қарорашро баровард. Ба шавҳар баромадан хост. Розигияшро ба Матлуба ҳам расонд…

Ҳамин тавр, Сайёра ба бародари Матлуба Талбак, ки дар ҳамсоядеҳа зиндагӣ мекард, ба шавҳар баромад. Фирӯзаро ҳам бо худ бурд. Аммо баъди чанд рӯзи зиндагӣ бо Талбак ӯ аз шавҳар карданаш пушаймон шуд. Барои он пӯшаймон шуд, ки зиндагиаш бо ин шавҳар аз рӯзҳои аввал бо ҷангу ҷанҷол оғоз гардид. Ҳар шаб шавҳараш маст шуда ба хона меомаду ба ӯ дармеафтод. Сайёраро мушту лагадкӯб мекард… Дар ҷангу ҷанҷоли онҳо Фирӯза ҳатман аз хоб бедор шуда, бо қираи чашм аз таги курпа ба онҳо нигоҳ мекарду ба ҳоли модараш на танҳо раҳмаш меомад, балки оби чашм ҳам мерезонд. ӯ ба падарандараш нафрат пайдо мекард. «Ин ҳам мисли амакам золим аст»,-мегуфт…

Рӯзе Талбак аз субҳ аз хона бо табъи болида баромад. Ҳангоми баромаданаш аввалин маротиба ба Сайёра суханҳои хубу дилнишин гуфт, меҳрубонӣ кард. Фирӯзаро ҳам навозиш кард ва ба ӯ ваъда дод, ки бегоҳӣ, ҳангоми баргаштанаш ба вай тӯҳфа меорад. Ин рафтори Талбак каме Фирӯзаро болида гардонд. Чунки ӯ аз дил гузаронд, ки дигар Талбак ба модараш ҷангу ҷанҷол намекунад, модарашро азоб намедиҳад.

Рӯз ба поён расид. Талбак ба ваъдааш вафо накард, яъне ба хона барнагашт. Сайёраву Фирӯза хӯрок хурда ҷойгаҳи хобашонро омода карданд. Ҳоло ҳам аз Талбак хатту хабаре нашуд. Аз ин Фирӯза хушҳол гашт. Аз баҳри туҳфаву меҳрубониҳои Талбак гузашта, Худоро зора мекард, ки Талбак як шаб ба хона барнагардаду вай паҳлуи модараш бихобад. Ҳамин тавр, Фирӯза ба ҷойгаҳи модар даромад. ӯро оғӯш гирифта хобид…

Андак вақт гузашту садои Талбак аз берун баланд шуд, вай чунон май нӯшида маст буд, ки ҳатто бо кӣ гап заданашро намедонист. Аниқтараш, ӯ калавида-калавида бо худ сухан гуфта меомад. Фирӯза аз ин садои ӯ аз хоб бедор шуда, аз бари модар ба ҷойгаҳи худаш ёзид. Сайёра ҳам бедор шуд.

Талбак аз дар даромад. Чароғро даргиронд. Сайраву Фирӯза дар равшании чароғ диданд, ки сару рӯйи вай пур аз лою чал. Аз афту андомаш маълум шуд, ки ӯ даруни ҷӯю кулмакҳо афтида-афтида омадааст. Боз ҳангоми сухангӯӣ забонаш ба дурустӣ ба фармонаш намедаромад. Гӯё ҳангоми сухангӯи лабони сиёҳи ғафсаш ба ҳар тараф овезон мешуданду ҳарфҳоро дарозу кӯтоҳ талаффуз мекард.

Сайёра аз ҷой хеста либосҳои лойолуди Талбакро аз танаш кашид. Хост ӯро дар ҷойгаҳ хобонад. Аммо Талбак боз мисли ҳаррӯза рафторашро фаромӯш накард, ба Сайёра дарафтод. Ба вай суханҳои қабеҳ мегуфт. Ба падару модараш ҳақорат медод. Чанд мушту лагад ба сару миёни Сайёра зад. ӯро рӯйи ҷойгаҳ ҳаво дода, чанд зарбаи дигар дар рӯву сараш кӯфт. Фирӯза, ки лаби курпаро каме бероҳа карда буду ин аҳволи модарро медиду гиряву нола ва зораву таваллояшро мешунид, дигар ба тамошои ин ҳодиса тоб наовард. Аз ҷой хеста, худро ба болои падарандарш партофту аз пӯшти ӯ сахт газид. Талбак дар ғазаб шуд. Гашта ба Фирӯза як шаппотӣ зад, ки аз ин шаппотии вай Фирӯза аз ҳуш рафт. Дар ин ҳолат Сайёра аз чанги Талбак раҳо ёфт ва дарҳол духтарашро бардошта ба рӯяш об пошид…

Ҳуши Фирӯза ба сар омаду боз ҳамон Талбакро дид, ки аз мӯйи сари Сайёра гирифта ӯро кашолакунон   ба ин тарафу он тарафи хона мебурд. Лекин ин дафъа Фирӯза ба Талбак ҳуҷум накард, балки хомӯшона гиряашро идома дод.

Талбак ба берун баромад. Дар торикӣ ба оғил рафт ва аз оғил ресмонеро гирифта баргашт. Бо ин банд маҷбуран дасту пойҳои Сайёраро басту «сигор»-ро даргиронда, ба пӯсти тани Сайёра часпонд. Чанд ҷойи тани ӯро сӯзонд, аз ҷумла дар бозуяш ба андозаи пуши нохун чанд ҷой доғ монд,…

Хулоса, имшаб то субҳ бо ҳамин аҳвол сипарӣ шуд. Субҳ медамид. Хурӯсон ҷеғ мезаданд, мурғакон болзанӣ мекарданд ва аз омад-омади рӯзи нав хабар медоданд...

Сайёра бо вуҷуди ҳама ин ранҷу азоб бо Талбак муддати ду сол зиндагонӣ намуд. Фикри аз ӯ ҷудо шуданро намекард. Чунки дигар ҳеҷ ҷойи сарпаноҳе надошт ва ёфта ҳам наметавонист. Аз ин рӯ, маҷбур буд ба ҳама мушту лагади Талбак тоб биораду ба хотири Фирӯза зиндагӣ кунад.

Талбак маст шуда Сайёраро латукӯб кунад ҳам, лекин ба Фирӯза даст дароз намекард. Фақат ба ӯ ҳамон як шаппотӣ зада буду халос. Дигар ҳар балоеро ба сар оварданӣ мешуд, ба сари Сайёра меовард. Аммо Фирӯза Талбакро бад медид. Чунки ӯ модарашро азоб медод, мезад. Баръакси рафторҳои Диловарро мекард. Охир, Диловар ҳеҷ гоҳ бо Сайёра ин хел рафтор намекард -ку. Фирӯза боре ҳам даъвои онҳоро ёд надорад. Доим падару модараш бо ҳам бо меҳрубонӣ сухан мегуфтанд, механдиданд. Якдигарро ҳурмат мекарданд. Аммо Талбак мисли Диловар набуд. ӯ баръакси хислатҳои Диловарро дошт. Ғайр аз ин, аз дидани рӯйи вай кас меҳаросид. ӯ марди сиёҳи азимҷусса буд. Дар сараш як тор мӯй дида намешуд. Ба қавли Фирӯза, ба «кӯралмастӣ» монандӣ дошт.

Зиндагии вазнину пурмоҷарои Сайёра бо Талбак дер давом накард. Дар соли дуюми зиндагии якҷояи онҳо Талбак ҳангоми мастӣ ба ҳавзи обе афтиду ҳамон ҷо ҷон дод.

Баъд аз марги Талбак Сайёра зиндагии навро оғоз кард. Дар хонаи Талбак истиқомат карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҳар гуна кор машғул мешуд. Гоҳ ӯ ба адир ба мевағундорӣ мерафту гоҳе дар заминҳои хоҷагӣ хӯшачинӣ мекард. Дар зимистонҳо ба хоҷагӣ ба кор даромада, дар анборҳо ба тоза намудани маҳсулотҳои ғалладонагӣ мепардохт. Бар ивазаш як -ду кило картошка мегирифт. Гоҳ-гоҳ раис ба ӯ ёрдам карда, як сатил-ним сатил гандум медод.  

Ҳаёти муҷаррадонаи Сайёра ду сол идома ёфт. Дигар касе ба хостгориаш намеомад. Мардум ӯро зани сархӯр гуфта, ҳеҷ кас ҷуръати ба занӣ гирифтанашро намекард.Дар ҳамин вазъият хонаи Талбак соҳиб пайдо кард, хешу табораш Сайёраро маҷбур карданд, ки хонаро холӣ кунад, аз ин хона баромада равад. Акнун Сайёра боз дар фикри сарпаноҳ шуд. Бояд барои худ ва Фирӯза кулбачае пайдо кунад. Ба ҳамин хотир, аз раиси хоҷагӣ хоҳиш кард, ки аз анборҳои холии хоҷагӣ якеашро муваққатан барои истиқомат ба ӯ диҳад. Раис розӣ шуд. Хоҳиши Сайёраро рад накард. Аммо баъди ду рӯз раис мардеро гирифта ба хонаи Сайёра ба хостгорӣ омад. Ҳар ду дар ҳуҷра нишастанд. Баъд аз он ки Сайёра дастурхон партофту меҳмонҳо як-ду пиёла чой гирифтанд, раис ба берун баромаду ба Сайёра гуфт:

-Духтарам, мо барои як кори хайр омадаем. Ин мард аз шаҳри Душанбе. Номаш -Анвар. Ронанда аст. Ба хоҷагӣ тухмӣ овардааст. Ҳамсари вай аз дунё гузаштааст. Гуфтем як аз пешатон гузарем. Агар шумо розӣ шавед, ҳардуятонро оиладор кунем.

Сайёра аз шунидани ин сухан сару калобаи худро гум кард. Дигар ибораи шавҳар карданро ҳатто шунидан намехост. Ба қавле, аз шавҳар қимоб шуда буд.   ӯ акнун аз шавҳар кардан метарсид. Метарсид, ки мабодо дигараш ҳам хислатҳои Талбакро дошта бошад.

Раис ба таърифу тавсиф гузашт. Ронандаро аз ҳад беш дар назди Сайёра таъриф кард. Хислатҳои хуби ӯро ба забон овард. Ғайр аз ин, Сайёраро маслиҳат дод:

-Духтарам, рад накун, ба шавҳар баро. То кай дар дашту адирҳо хӯша мечиниву мева меғундорӣ. Боз хона ҳам надорӣ. Ман ку як анборро ба тартиб дароварда ба ту медиҳам, лекин ту то кай он ҷо мемонӣ? Як вақт не як вақт туро аз он ҷо пеш мекунанд, баъд ба куҷо меравӣ?

Раис оқибат Сайёраро ба ронанда барои ба шавҳар баромадан розӣ кунонд ва ҳамон шаб мулло оварда онҳоро никоҳ карду дуо дод. Ронанда Сайёраву Фирӯзаро ба шаҳри Душанбе бурд. Зиндагиашон он ҷо идома ёфт…

Сайёра бо ронанда зиндагӣ мекард. Ронанда- Анвар аз Талбак каме фарқ дошт. Сайёраро ранҷу азоб диҳад ҳам, ба андозаи Талбак азоб намедод. Он қадар меҳрубонияш ҳам намекард. Ба ҳар ҳол Сайёра андак осуда мезист. Аммо Фирӯза не. Рӯзи ӯ сангин мегузашт. Ин шавҳари модараш ба Фирӯза маъқул набуд. Зеро Анвар ҳар рӯз ҳар баҳонаро пеш оварда, Фирӯзаро як –ду шаппотӣ мезад. Масалан, агар Фирӯза рӯзе дар рӯзномааш аз кадом фане баҳои се ё чор мегирифт,   Анвар инро баҳона карда, Фирӯзаро сарзаниш мекард. Модарашро ҳам «Мемурӣ духтаратро таълиму тарбия диҳӣ»,- мегуфт. Боз агар хонаву дар норуфта мебуд ва ё хӯрок каме дер омода мегашт, ба сари Сайёраву Фирӯза дӯғ зада, дашному ҳақорат мекард.

Дар асл, мақсади Анвар на таълиму тарбияи Фирӯза, балки ба ин баҳона фишор овардан ба Фирӯза буд. Анвар бо ин роҳ Фирӯзаро азоб медод. Гоҳо то нимашабҳо китобро дар дасташ дода, дар кунҷи хона росташ мемонд. Намемонд, ки кӯдак нишаста хонад. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ ҳам Фирӯза ҳуқуқи сари дастурхон нишастан надошт. Чунки Анвар ҳеҷ вақт намехост Фирӯза сари дастурхон бо онҳо якҷоя нишинад, хӯрок хӯрад. Аз ин таҳдидҳои Анвар Фирӯза ҳар дафъа маҷбур мешуд аз дастурхон дуртар, кунҷи хона як коса таъом хӯраду нишинад. Лекин нишастанаш ҳам дер давом намекард. Каме пас Анвар овоз мебаровард: «Чӣ нишастаӣ? Кӯдаки падарлаънат як дарсашро тайёр мекунад, як китоб мехонад, кори хонаро ба иҷро мерасонад. Туро агар ҳеҷ чиз наган, то хобат гирифтан дар ҷоят мешиниву ҳамин ки хобат гирифт, гӯсфанд барин ғалтида мехобӣ».

Фирӯза дар ин мавридҳо бо алам падарашро пеши назар меовард. Аз дил мегузаронд, ки агар падараш мебуд, ҳеҷ гоҳ ба ӯ бо ин дуруштӣ сухан намегуфт. ӯро барои дарстайёркуниаш ин қадар намезад, дар кунҷи девор рост намемонд, аз сари дастурхон пеш намекард. Баръакс, вайро сари зону гирифта, барои донишомӯзияш кӯмак мекард, бо лаҳни ширин мефаҳмонд.

Дар ин рӯзҳои пур аз дарду алам Фирӯзаро як дам ёди бӯй, оғӯш, меҳрубониҳо ва ғамхориҳои падар роҳат намегузошт. Ёди падар алами ӯро зиёдтар мекард. Вай рафтору кирдори падарандаронашро бо рафтору одоби Диловар қиёс мекарду ба инсони хубу меҳрубон будани падараш боварӣ мекард. Шабу рӯз бо ёди падар мегиристу аз Худованди таолло талаб мекард, ки падарашро дубора баргардонад, зинда кунад ва соябони сари модару духтар намояд. Гоҳо бо Худо мунозира карда, мегуфт, ки Худованд, чаро падарамро аз мо гирифтӣ, ҳатто падар, ки бӯяшро барои мо дар хона монда буд, ту моро аз он хона берун кардӣ, маро ақаллан назди бӯйи падарам намондӣ. Охир, дигар бӯйи падарам дар ҳеҷ куҷо нест. Танҳо он бӯй дар хонаи худамон буд.

Сайёраву Фирӯза то ҳол дар зиндагӣ шахсеро чун Диловар ғамхору сарпарасти меҳрубон пайдо накарда буданд. Сайёра шабе қатраи ашк бо ёди Диловар начаконда намемонд. Фирӯза ҳам ҳамин аҳволро дошт. Дар дилашон ҳеҷ кас ҷойи Диловарро гирифта наметвонист.

Ғайр аз ин, ронанда ба Фирӯза дафтару қалам намехарид, сару либоси мактабӣ низ. Модараш ҳам ҷуръат намекард, бобати сару либоси Фирӯза ба Анвар сухан кунад. Як дафъа Сайёра ба ӯ гуфта буду чунин ҷавоб шунид: «Духтар духтари худат. Ман барои сару либоси духтари ту кафил нестам…»

Сайёра ду сол зиёдтар бо Анвар зиндагӣ кард. Аз ӯ як духтар ёфт. Шавҳараш номи духтарро Таманно гузошт. Лекин Таманно яксола нашуда, падараш ба садама дучор шуду ҷон аз даст дод. Ана аз ҳамон вақт то ҳанӯз Сайёра дар хонаи иҷораменишастаи «раҳматӣ»-и Анвар истиқомат мекунаду бозорро ихтиёр карда, ин ду кӯдакро бо ранҷу машаққати зиёд мехӯронад…

 

Шом мерасид. Офтоб рӯ ба ғурӯб мениҳод. Нурҳои тиллоиранги он сари қуллаҳои кӯҳҳои осмонбӯс бемадорона ҷилло медоданд. Сояҳои биноҳои баландошёнаву дарахтони қоматороста бо ҳаракати мавзуну чашмнораси худ шаҳрро аз як сар мепӯшонданд: сояи яке дегареро зер карда мегузашт. Боди салқини аз нурҳои офтоб то ин дам панаҳшуда бо суръати ниҳоят паст ва чун ларза ба андом ба фазо сар мебаровард: роҳу кӯчаҳо, байни хонаву дарахтон ва ҳатто сари ҳар як хасу хорро гӯё тарсида-тарсида сила карда мерафт.   Ҳамин тавр, шаҳрро фазои салқинтар фаро гирифта буд.

   Аз ин салқинӣ дар роҳу кӯчаҳо мардум ду- ду, се-се ва аз ин зиёдтар пайдо мегаштанд. Дигар назди асбобҳои шамолдиҳакҳои барқӣ ва канори рӯду ҳавзҳо намемонданд. Одамон дар кӯчаву бозорчаҳои маҳаллаҳо ба ҳамдигар бармехӯрданд. Шумораи онҳо лаҳза ба лаҳза зиёдтар мешуд. Равуо авҷ мегирифт.

Сайёра пушти рафи бозор меистод. Ба одамони зиёди дар бозорча пайдошуда бештар аҳамият медод. Гӯё онҳоро бесадо, бо чашмони пур аз ғаму андӯҳ ва зери пардаи обмондааш ба сӯи худ даъват мекард, то аз сабзавотҳои ӯ харидорӣ намоянду каме мушкилоташ осон шавад. Аммо на ҳар кас ин даъвати ӯро пай мебурд. Касе ин бегоҳирӯзӣ аз сабзавотҳои вай харидорӣ намекард, аз дигарон мехариданд. Барои он аз кабудиҳои Сайёра харидорӣ намекарданд, ки онҳо пажмурда шуда буданд.

Сайёра аз ба савдо нарафтани сабзавотҳояш оташин мешуд. Роҳи ба савдо рафтани онҳоро меҷӯст. Меандешид, ки бояд коре карда сабзавотҳояшро фурӯшад. Ҳамаашонро натавонад ҳам, ақаллан нисфашро савдо кунад. Охир, ин сабзавотҳоро ҳамин бегоҳ фурӯхта натавонад, зарари калон мебинад: маблағи иҷорапулиро пардохт ва саҳар сабзавотҳои тару тоза харидорӣ карда наметавонад.   Боз ин бегоҳ наметавонад барои духтаронаш хӯрока харад…

Шаб фаро расид. Сайёра фақат чанд бандча кабудияшро савдо карда тавонисту халос, ки маблағи он ба ду кило картошкаю як килограмм пиёз ва се нони бозорӣ ба зӯр расид. Вай ин маҳсулотҳоро харидорӣ карда, ба хона баргашт. Лекин аллакай фишораш баланд шуда, сараш чарх мезад ва аз ба савдо нарафтани сабзвотҳояш ба ғазаб меомад.

ӯ ба хона расид. Дар иҳотаи фикру хаёлҳо монд. Аз нобарориҳо андӯҳгин шуд. Бо Фирӯзаву Таманно гап намезад. Танҳо буданро мехост. Вай ба ҳуҷра даромада, дарро аз дарун қуфл карда мегиристу дарду аламашро сабук мекард. Фирӯза бошад, ин аҳволи модарро дида ғамгин шуд. Аз дил гузаронд, ки ба модар чӣ ҳодиса рух дода бошад? Ҳамин тавр, модар то рӯз дарро накушод. Чизе ҳам нахӯрд. Бо Фирӯза оид ба имтиҳонаш ҳам маслиҳат накард.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД