ИДОМААШ...
-Дар байнашон чӣ гапе ҳаст. Ин муллоро бинед, ҳар вақту бевақт бо ҳар баҳона назди Сайёра меравад. Ёфтаст шаҳри бедарвозаро. Кулбаи бемардина-да, кулбаи бемардина!
Боз дасти холӣ не. Дар дасташ хӯрду хӯрока. Диден, гӯё ба ҳоли Сайёраву Фирӯза раҳмаш меояду ба онҳо хӯрока мебарад, аз аҳволашон хабар гирифтан мехоҳад. «Элак баҳонаю дидор ғанимат»,- гуфтаанд. Ҳамаи ин баҳона аст ... Мардум ӯро ҳурмату эҳтиром карда мегӯянд, ки покдоман аст. Рӯйи ин хел муллои покдоман дар гӯр… Мулло ҳам хом нест. ӯ пухта аст. Бо ним коса ҷаву нахуд дили Сайёраро ба даст овардааст. Гӯё аз Худо метарсида бошаду хайр мекунад. Ба зану фарзанди худаша ин қадар хӯрду хӯрока намехараду ба Сайёра… Оҳ, муллои маккор, агар рӯзе рӯйи Сайёраро набинад, шаб хобаш намебарад. …Боз мулло дар масҷид таъкид мекардааст, ки касе ба вай хайр кунад, хайраш қабул мешавад. Аз куҷо хайраш қабул мешавад? Ба ин хел занҳои фоҳиша ҳаргиз хайр қабул намешавад. ӯ -Сайёра бошад, як беваи фоҳиша шудааст, бо як муллои пир соз гирифтаасту ҷавонро ёбад, мемонад.
Ба ҳамин монанд гапу калочаҳо рӯз ба рӯз дар бораи муллову Сайёра зиёд шудан мегирифт. Аз ин гапҳои бефаросатонаи занҳо, ба қавле, гӯшҳои Сайёра гирифт. Ана, вай дигар омадани муллоро намехост. Ҳатто намехост дигар ҳамсояҳо ҳам ба хонааш дароянд, то атрофаш туҳмату бадгӯиҳо ба охир расад. Аммо Сайёраву Фирӯза бе кӯмаку дастгирии мулло Ҳикматулло ва дигар ҳамсояҳо зиста наметавнистанд.
Мулло Ҳикматулло ҳам ин гуна овозаву дарвозаҳоро шунида буд. Лекин вай парвое надошт ва алоқаи худро аз Сайёра канданӣ набуд. Баръакс, Сайёраро «духтарам» гуфта, ҳар рӯз аз аҳволаш хабар мегирифт. Ба фарзандонаш низ таъкид мекард, ки рафта барои Сайёра ҳезум шикананд, дигар корҳои вазнини вайро ба анҷом расонанд.
Дар ҳақиқат, мулло ба Сайёра мисли духтари худаш рафтор мекард, нигоҳубин менамуд ва ба ӯ нисбат ба дигар ҳамсояҳо зиёдтар кӯмак мекард. Чи мушкилоте, ки дар хонаи Сайёра ба амал меомад, кӯшиш мекард сари вақт онро ҳаллу фасл намояд. Вале он ҳама каму беши ғизое, ки мулло ба Сайёраву Фирӯза харида меовард, мардумро ором гузошта наметавонист. Мардум меандешиданд, ки мулло чаро ба онҳо ин қадар кӯмак мекунад. Аз куҷо маблағ меёбад. Охир, ӯ то дирӯз нони хӯрдан надошту имрӯз чӣ тавр метавонад ба Сайёра ин қадар кӯмак расонад, маводи ғизоӣ харад, барои Фирӯза сару либоси зимистона гирад ва ғайраҳо. Илова бар ин, мулло ҳар ҳафта, ки ба бозор мерафт, пеш аз рафтанаш аз Сайёра мепурсид, ки дар хона чӣ дораду чӣ не… Барои онҳо чӣ гуна маводҳои ғизоӣ лозим аст.
То марги Диловар мулло аз ӯ маблағ қарз мегирифт ва мегуфт, ки рӯзгораш беҳ нест, барои аҳли оила орду равғану шакар харидан лозим... Аммо баъд аз марги Диловар ӯ гӯё аз ҳамаи ин мушкилиҳо наҷот ёфтааст ва боре ҳам аз камбудиҳои хонааш дар пеши касе қисса намекунад, балки ба дигарон дасти мадад дароз менамояд.
Ин дастгириҳои мулло фикру хаёлҳои Сайёраро ба ҳар тараф мекашонд ва сарчашмаи ин хайру саховати мулло ба Сайёра чун муаммо буд. Чунки Сайёраро ҳеҷ бовараш намеомад, ки мулло аз ҳисоби худ ба онҳо ин қадар кӯмак кунад. Зеро маълум аст, ки дар ин солу замона мулло ҳеҷ гоҳ ин қадар маблағ намеёбад, ки ду оиларо хӯронаду пӯшонад. Ё шояд ҳамон қарзҳои пешинаро ба Диловар дар вақташ бар нагардондаву имрӯзҳо ба зану духтараш гардонда истодааст. Ё, эҳтимол, аз ким- куҷое махсус барои Сайёра ба суроғаи мулло маблағ меояд. Инро Сайёра чанд маротиба аз фикр гузаронида, аз худи мулло пурсида буд. Вале мулло зери лаб ханда карда ҷавоб дод: «Ангурро хӯру боғашро напурс».
Ба ҳар ҳол, луқмаи хайри мардуми деҳа ба тани Сайёра намечармид. Вай ҷойи кор меҷӯст ва ба худ мегуфт: «Эй Худованд, як ҷойи корам бидеҳ то луқмаи ҳалол ба даҳон барам. Ман мисли муфтхӯрҳо то кай аз ҳисоби дигарон шикамамро сер кунам? Ин гуна луқмаҳо аз гулӯям ба ҳузур намегузаранд».
Сайёра аз вақти марги шавҳараш Диловар то ҳол, ки қариб якуним солро дар бар мегирад, шиками серашро ёд надорад. Ҳамсояҳо гаҳе ягон қанд ва ё хӯрдании болаззате, ки меоранд, Сайёра онро «барои ягон рӯзи тангӣ» гуфта, барои Фирӯза панаҳ мекарду худаш... Лекин рӯзи ҳамсояҳо ҳам беҳ набуд. Қаҳтиву гуруснагӣ дари ҳар хонаро мекӯфт.
Сайёра бо меҳнати ҳалоли худ рӯзгорашро пеш бурдан мехост. Барои ин ба ӯ ҷойи кор ёфтан лозим буд. ӯ чанд маротиба ба ҷустуҷӯи ҷойи кор баромаданӣ шуда буд, лекин ҳар дафъа мулло Ҳикматулло аз ин мақсади ӯ хабардор гашта, пеши роҳашро мегирифт. Ба ӯ иҷозати кор кардан намедод. Мегуфт, ки ризқу рӯзии туро Худованд медиҳад, духтарам, ту саргардон нашав. Боз ба Сайёра таъкид мекард: «Барои кор карданат иҷозат нашуд, ту бояд дар хона шинӣ, азоб кашидани туро намехоҳанд». Сайёра ҳангоми шунидани ин гуна суханҳо чун мори дар ғазабшуда дар худ мепечид ва ба дили худ мегуфт: «Эй Худо, ман кӣ дорам, ки аз ғайб тақдири манро ҳал мекунад? Боз ба худам рӯйрост неву ба мулло Ҳикматулло мегӯяд. Охир, падарам аз ман рӯ гардондааст. Диловар дигар дар ин дунё нест. Кӣ бошад, ки аз ғайб нисбати ман ба мулло супориш медиҳад: Сайёра ин тавр накунад, он тавр кунад мегӯяд. Охир, касе бошад, омада мақсадашро бо худам гӯяд»…
Сайёра дастурхонро кофт. Аз он ҳамагӣ як пора нони ҷавини доштаашонро ба Фирӯза овард:
-Гир, духтарам, ин нонро хӯр, ҳозир хӯрок мепазам.
Фирӯза нонро ба даст гирифту ба замин партофт:
-Не, ман ин нонро намехӯрам. Ин нон гулӯямро мехарошад. Ман инро намехӯрам, намехӯрам!,- гуфта аз нав ба гиря шурӯъ карда пойҳояшро рӯйи намад бардошта мешапид.
-Фирӯзаҷон, хайр як дамаки дигар тоқат кун, ҳозир таом мепазам.
-Ман гурусна намешинам. Ба ман нон биёр, нони сафед. Падарам ҳеҷ гоҳ ба мо ин хел орд намехарид. Ордҳои харидаи вай нони сафед мешуданд. А- ҳозир бошад-чӣ? Ту ба ман нонҳои гулӯхарош медиҳӣ. Сукҳои он гулӯямро ярра мекунанд.
Гарчанде ки Сайёраро дасту почааш аз гуруснагӣ ларзад ҳам, аз ин нонгӯии Фирӯза аз шиками худаш фаромӯш кард. Ба «нонгӯӣ»-и духтараш тоб оварда натавонист. Ин овози духтар гӯё дилу ҷигарашро харошида меканд, вуҷудашро ба ларза меовард. Аммо ӯ маҷбур буд ба ҳама мушкилиҳо тоқат кунад ва то нафаси охирин дар зиндагӣ мубориза барад.
Сайёра дегро болои оташдон гузошт. Хост ягона буду шуди хонааш, ним коса наскро, ки онро мулло Ҳикматулло барояшон оварда буд, наскҷӯшак намояд. Зеро дигар дар ин хона як дона арзан ёфт намешуд. Ҳатто ҳамсояҳо ба ӯ ин ҳафта чизе наоварданд. Мулло Ҳикматулло ҳам.
Садои дарвоза баромад ва аз омадани касе хабар дод. Ин садо ба гӯши Сайёраву Фирӯза расиду Сайёра хурсанд шуд. Барои он хурсанд шуд, ки ба гумонаш мулло Ҳикматулло ё ягон ҳамсояи дигар дар ин нисфирӯзӣ барои онҳо хӯрдание овардааст. «Худо хуб аст, ки мулло Ҳикматулло ё ягон ҳамсоя бошаду ақаллан як тика нон биёрад»,- аз дил гузаронид Сайёра ва каме аз ин умед қувват гирифт.
Сайёра ба пешвози меҳмон ба таги долон баромаду яку якбора симояш тағйир ёфт. Чунки ӯ аз чунин шахсонеро, ки интизорашон буд, надид, балки шали Умар, бародари шавҳараш ба чашмаш бархӯрд, ки лангон-лангон ба сӯяш бо рӯйи турш меомад. ӯ ду қавоқашро накушода, ба қаҳр қадам мезад.
Умар марди қадпасти лоғар буд. Афту андомаш бисёр турш менамуд. Лабони ғафси кашол-кашол, дандонҳои каҷукилеб, чашмони кабуди гирди калон-калон ва рӯйи борики дароз дошт. Устухонҳои зери пӯсти вай ва рагҳои ду тарафи гарданаш аз чанд қадам дуртар намоён мешуданд.
-Биё, биё, хуш омадӣ, ака,-гуфт Сайёра, бо вуҷуди он ки бо дилу нияти ғаразнок омадани вайро медонист.
Умар ба рӯйи Сайёра нигоҳи кӯтоҳи ғазаболуде карду ба долон наздик шуда гуфт:
-Ман туро аз кай боз мегӯям, ки сағераатро гирифта аз ин хона дафъ шав-ҳа, аз кай? Як сол зиёд мешавад, ки туро огоҳ кардам. Гуфтам, ки ҷоятро ёфта, хонаро холӣ кун. Ту бошӣ чӣ? Баҳузур лингора дароз карда нишастаӣ.
-Ин хонаи худам, ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ту ба ин фикрҳоят хотима гузору аз ҳавлиям баромада рав,-эътироз дошт Сайёра.
-Э аблаҳ, шавҳарат мурду ин хона аз они ман шуд. Акнун, вақте ки шавҳарат нест, ту ҳам бояд инҷо набошӣ. Баромада дафъ шав. Ба хонаи падарат рав. Ин хона хонаи ман аст.
-Ин хонаи худаму духтарам аст. Инро Диловар бо пули худаш сохта буд, фаҳмидӣ? Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Хонаамро ба ту намедиҳам.
Умар ғазабноктар шуд ва ба долон баромаду аз мӯйҳои зери рӯймоли Сайёра дошта, ӯро лагадкӯб кард. Чанд мушту лагад ба сару танаш зад.
Аз зарби мушту лагади Умар Сайёра аз долон ба ҳавлӣ , рӯйи ҳамон барфҳои рӯфтааш афтид. Лекин ӯ дуюмбора муқобилат нишон додан нахост ва аз ҷояш низ нахест, балки сари худро бо дастонаш дошта, сарашрро рӯйи зонуҳояш монда, гиря мекард. Зӯраш ба гиря мерасид. Бе ин ҳам агар аз ҷояш хезаду ба шали Умар боз муқобилият нишон диҳад, ҳолаш бадтар мешавад. Инро худаш нағз медонад. Вай медонад, ки шали Умар ба ҳеҷ кас раҳм намекунад. Аз ҳамин сабаб хапу хомӯш монд, дигар ҳатто ба Умар дашном намедод. Аммо қаҳру ғазабаш то рафт авҷ мегирифт. ӯ аз қаҳру ғазаб гаҳе бо дастони лоғараш мӯйҳо ва гаҳе пораяхҳои ду тарафашро сахт мефишурд. Аламаш ҳам дучанд меафзуд ва аввалин маротиба худро хеле бе қувват, бе пушту паноҳ, оҷиз ва чун хаси рӯйи роҳ беарзиш меҳисобид. Боз аз дил мегузаронд, ки ҳам Умар ва ҳам худашро қатл кунад, лекин Фирӯза пеши чашмаш омад. Агар ӯ ин корро анҷом диҳад, ҳоли Фирӯза чӣ мешавад, ӯро кӣ нигоҳубин мекунад?
Сайёра ба куҷо ва ба кӣ дод гуфтанашро намедонист. Агар ин лаънатии Умар ӯро аз хонааш пеш кунад, ӯ дар адир мемонад. Маҷбур мешавад бо Фирӯза шабу рӯзашро дар кӯчаҳо гузаронад. Лекин дар ин рӯзҳои сарди зимистон як шаб ҳам тоқати дар кӯчаҳо хобиданро надоранд. Мабодо шабе дар кӯча монанд, ях карда ҷонашонро аз даст медиҳанд.
Садои ҷанҷол ва доду войи модар ба гӯши Фирӯза расид. Фирӯза саросема аз ҳуҷра берун шуда, модарро дар ҳавлӣ бо сару даҳони хуншор дид ва хеле дар воҳима афтод. Ҳатто ҳаракат карданро фаромӯш кард ва дар ҷояш чун муҷассама шах шуда монд.
Шали Умар палтои бурашро аз тан кашида, ба ин тарафу он тараф давр мезаду ба Фирӯза, духтари бародараш нигоҳ намекард, гӯё ӯро намешиносад. Ҳатто ашкҳои бари рӯхсораҳои Фирӯза дар дили Умар заррае раҳму шафқатро намеовард.
Чун Умар ба ҳуҷра даромад, Фирӯзаи хурдсол давон-давон омада, худро паҳлуи модар гирифт. Бо панҷаҳои хурд-хурди беқуввату нозукаш сари модарро сила мекарду аз ин аҳволи модар аламаш меомад. Оби чашмашро манъ карда наметавонист. Ҳамин тавр, дар дили саршор аз ғуссаву ғами Фирӯза ашки бари рӯй, бо алам гиристани модар андуҳи дигареро зам мекард, дилаш пора-пора мешуд ва баробари модар ашк мерехт. Вай пай бурда буд, ки модарашро амакаш ба ин аҳвол оварда расондааст.
Як дам нагузашта буд, ки аз дохили хона садои дашному ҳақорат баромад. Умар баланд-баланд дашном мекарду лоқу пари Сайёраро ба ҳавлӣ ҳаво медод. Ин рафтори амак боз тарси Фирӯзаи хурдсолро бештар кард. Мисли ҳамон шаби ниқобпӯшҳо ба хонаашон даромадан ва падаршро бо худ бурдан. Вай аз он метарсид, ки амакаш боз ба модараш дармеафтаду модарашро зинда намемонад. Аз ин рӯ, аз дасти модар гирифта мекашид, ки модар аз ҷояш хезаду аз ҳавлӣ гурехта раванд.
ИДОМААШ...