Берт Беласко, ҳунарманди 38-солаи амрикоиро дар меҳмонхонае воқеъ дар шаҳри Ричмонди иёлоти Виргинияи Амрико мурда пайдо кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Новости”-и Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳунарманд ба шаҳри Ричмонд бо мақсади наворбардорӣ омада, бояд дар меҳмонхонае давоми 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешуд. Дӯстдоштаи ҳунарманд, ки чанд муддат бо ӯ тамос гирифта наметавонист, аз кормандони меҳмонхона хоҳиш мекунад, ки ӯро то утоқи Беласко роҳнамоӣ кунанд. Баъди аз меҳмонхона баромада рафтани дӯстдухтари ҳунарманд, кормандони меҳмонхона ҷисми бе ҷони Беласко ва чанд изи хунро дар бистару болини ӯ пайдо мекунанд. Сабаби асосии марги ҳунарманд то ҳол дақиқ нест ва тафтишот дар ин самт идома дорад.
Падари Берт Беласко ба хабарнигорон гуфтааст, ки писараш бемории аневризм (дамидани девораҳои раги ҷараён) дошт ва шояд сабаби маргаш низ ҳамин беморӣ бошад. Тамошобинон Бертро аз филмҳои “Шоҳдухтари амрикоӣ”, “Бо ханда мемирам”, “Мик”, “Ки ва Пил” ва ғайраҳо мешиносанд.