Formula novemver 2024
Ба мардон таъзим намудани зан беҳтар аст ё даст дода салом кардан?
22.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1328

Солҳои охир бархе аз мардони шинос ё ҳамкор баробари вохӯрӣ дасташонро барои салом дароз мекунанд. Ба хотири он ки шарм накунанд, ман ҳам бо онҳо дастӣ салом мекунам. Суолам ин аст, ки агар зан бо марде дастфишурӣ бикунад, гунаҳкор мешавад?

САНАВБАР, ш. Хуҷанд

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дар фарҳанги тоҷикӣ бо даст салом кардани зану марди бегона аз қадим ҷоиз набуд. Бо мардони ҳамкор, ҳамкурс ва ҳамсинф аз рӯйи одоб даст пеши бар гирифта, салом кардан нишонаи эҳтиром ва ҳам пос доштани фарҳанги салом додани тоҷикӣ аст. Дини Ислом ҳам дастфишорӣ карда, салом кардани зану мардро ҷоиз намедонад. Барои зан ҷоиз нест, ки бо мардони бегонаи номаҳрам дастфишурӣ кунад, гарчанде дастпӯшак пӯшида бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД