Sebiston new 2024 october
Ба кӯдаки бемор чӣ гуна ёрӣ расонидан мумкин аст?
21.05.2023
ОИЛА
1131

Салом! Муддати 4 сол аст, ки ман сомонаи Оила. тч-ро мехонам. Дирӯз як маводи шуморо дар бораи дандонбарории кӯдакон мутолиа намудам. Айни замон духтарчаи яксолаи ман ҳам дандон бароварда истодааст. Мехостам дар ҳамин мавзӯъ маълумоти муфассалтар диҳед, ки ба кӯдак дар чунин ҳолатҳо чи гуна ёрӣ расонидан мумкин аст?

Сурайё аз шаҳри Турсунзода

 

Дар давраи дандонбарорӣ ба кӯдак диққати махсус додан лозим аст, чунки бо сабаби хориш кардани вораҳои дандон тифлак ҳар чизи аз пешаш баромадаро ба даҳонаш бурдан мегирад. Табиист, ки бо ҳар ашёе, ки кӯдак ба даҳонаш мебарад, инфексияи зиёде вориди ҷисмаш гашта метавонад.

Дандонбарорӣ ба сари худ раванди душвор буда, қувваи муҳофизатии организми кӯдак бар асари он хеле суст мешавад, бинобар ин, дар ин давра модарон бояд эҳтиёткор бошанд, то ки тифл боз ба ягон бемории дигар гирифтор нашавад.
Мушкили дигар он аст, ки аксари кӯдакон дар давраи дандонбарорӣ таб мекунанд ва дарунрав мешаванд.

Дарунрав метавонад боиси беобшавии организми кӯдак гардад, бинобар ин, ҳатман доруҳои зидди исҳол додан лозим аст. Дар ин давра ба кӯдак бештар об диҳад. Метавонед компотҳои мевагии хуб ҷӯшонидашударо низ ба тифлак нӯшонед.

Акнун дар мавриди баланд шудани ҳарорати баданд. Табби кӯдак аз 38 баланд шавад ё нишонаҳои дигари бад шудани ҳолати тифл, аз қабили беҳолӣ ва суст шудани дасту пойи кӯдак ба назар расанд, ҳатман барои паст кардани ҳарорати бадан ба кӯдак Пардифен ё ягон доруи дигари пасткунандаи ҳарорат додан лозим аст. Дору обакӣ-сироп бошад, беҳтар аст, зеро фурӯ бурдани давои моеъ барои тифл осонтар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД