Сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бобарор анҷом ёфта, дар ҷараёни он байни ду давлат 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар сурати амалӣ гаштани санадҳои ба имзо расида ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1, 3 миллард сомонӣ ворид хоҳад гашт.
Зимни ин сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ мулоқот намуда, дар маҷмуъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, истеҳсолот ва ғайра ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расиданд:
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муованати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории илмӣ ва фановарӣ;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ.
Бо мақсади таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни соҳибкорони Эрон ва Тоҷикистон низ чанд созишномаву шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, маводи доруворӣ ва ғайра аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имконияти дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегиранд.
Дар маҷмуъ, бо амалисозии ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб гардидани беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар назар аст. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.