Sebiston new 2024 october
Ба ишқи аввалам бовар кунам?
25.12.2022
ОИЛА
1876


Мухлиси ҳамешагии “Оила” ҳастам ва мехоҳам дарди диламро ба хонандагони газетаи дӯстдоштаам кушоям. Ба хотири обрӯйи аҳли оилаамон номамро ифшо намекунам.

Ман ҳамагӣ 30 сол дорам ва аз ягон чиз кам нестам. Мушкилии ман танҳо дар он аст, ки аз фиреби мардон хаста шудаам. Ман солҳои донишҷӯиям ҷавонеро дӯст дошта, бо ӯ аҳду паймон баста будам, ки баъди хатми донишгоҳ издивоҷ мекунем, вале бо амри тақдир дар нимсолаи охири курси панҷум мо аз ҳам ҷудо шудем. Аз миён қариб даҳ сол гузашта бошад ҳам, ёди ишқи аввал аз дилам зудуда нашуда буд. Чанде пеш тариқи яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ ман ӯро пайдо намудам. Маро нашинохт, чунки бо номи худам қайд нашуда набудам.

Пас аз ду моҳи ошноӣ вай кӣ будани маро пай бурда, хоҳиши вохӯрдан намуд, вале розӣ нашудам, чунки дилам аллакай аз ӯ монда буд. Сабабаш дар он аст, ки дар бадали ду моҳ вай ягон бор ишқи маро ба ёд наовард ва ҳатто ишорат накард, ки замоне чунин духтарро дӯст медошт. Гаштаю баргашта занг зада, суҳбат кардан мехост, вале ман баҳона пеш меовардам, ки беморон зиёд буданду сахт хаста шудаам ва хобидан мехоҳам. Билохира косаи сабрам лабрез гашт ва ошкоро гуфтам, ки аз ту дигар ба ман чизе лозим нест, зеро намехоҳам оилаи ободатро вайрон намоям. Гумон доштам, ки баъди ин гап қаҳр карда меравад, вале ошиқам ду пояшро ба як мӯза андохта, биё бо ҳам хонадор шавем гуфта истодааст. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед!
Зарина, хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД