Arzon march 2024
БА ДУХТАРАМ МАДАД РАСОНЕД
2786

 Ман Додарҷонова Эркамоҳ, соли таваллудам 1958, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошам. Ягона духтарам Бобоева Сабрина (соли таваллудаш 1989) сабаб шуд, ки ба ҳафтаномаи “Оила” муроҷиат намоям. Ӯ маъюби модарзод аст ва пойҳояш кор намекунанд.

То вақте худам қувват доштам, нигоҳубинаш мекардам, вале ҳоло зӯрам намерасад ва маҷбур шудаам. Духтарам то ҳоҷатхона рафта наметавонад ва зимистону тобистон “горшок”-аш дар дохили хона аст. Ҳам худаш хиҷолат мекашад ва ҳам барои нафарони дар хона буда хуб нест. Худам нафақаи пиронсолӣ ва духтарам нафақаи маъюбӣ мегирем, ки хеле ночиз аст ва барои рӯзгузаронӣ намерасад. Чанд маротиба муроҷиат кардем, ки ба мо кӯмак кунанд, вале ваъда доданду вафо накарданд. Дар хонаи писарам зиндагӣ мекунем ва хоҳишам аз мардуми саховатманд ҳамин аст, ки як хонаи якхуҷрагӣ диҳанд, то духтарам бемалол зиндагӣ кунад.

Рӯзи дароз дар хона нишаста, аз алам худашро дарун ба дарун мехӯрад. Бо роҳи худомӯзӣ забонҳои русиву англисиро омӯхтааст ва озодона гап зада метавонад, вале шароите надоштам, ки ӯро хононам.
Рақами телефон: 917488360

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД