Аз дарс ба хона омадам. Ҳама ҷо титу парешон буд. Модарамро садо кардам, то фаҳмам, ки чаро хона чунин бетартиб аст, вале ҳарчанд ҷеғ задам, садое наомад. Ҳайрон шуда ба кӯча баромадам ва аз ҳамсоязан пурсидам:
«Хола, мабодо шумо очаи маро надидед?» Ҳамсоя бо чеҳраи ғамгин хабар дод, ки чанд лаҳза пештар мошини «Ёрии таъҷилӣ» модарамро ба беморхона бурдааст. Ба ҳайрат афтида саволборон кардам: «Барои чӣ? Ба кадом беморхона? Модарам сип-сиҳат буд-ку?!» Ҳамсоязан китф дарҳам кашида гуфт: «Намедонам, ба фикрам ба Қараболо рафтанд…»
Тозон дару тирезаҳоямонро маҳкам карда ба беморхона рафтам. Модарамро аз чандин духтурҳо суроғ намуда, билохира ёфтам. Ҳамшира ба дасташ сӯзандору мегузаронд. Зуд ба наздашон рафта пурсидам: «Ба шумо чӣ шуд, очаҷон? Маро сахт тарсондед…» Модарам ба саволам ҷавоб дода натавонист, ҳолаш бисёр бад буд, базӯр нафас мекашид. Ҳамшира «ҷавони нағз, халал нарасонед» гуфта, маро аз палата баровард. Ҳайрону зор дар пушти дар нишаста будам, ки бародарам занг зад. Гӯширо бардоштам. «Имрӯз бо очаам ҷанг шудам, ба ман мошин нахарид, пул надод. Ҳозир ба хона омадам, ки очам нест. Ту намедонӣ дар куҷо бошад?» пурсид бародарам. Хун ба сарам зад. «Ту касофат очаамро қариб кушта будӣ, боз мепурсӣ, ки дар куҷо аст?! Мошин барои ту ин қадар лозим бошад, ба ман очам лозим аст, барои чӣ гапҳои пасту баланд зада ӯро ба чунин ҳол расондӣ, аблаҳ!»гӯён, телефонро хомӯш кардам. Аз байн бист дақиқа нагузашта бародарам расида омад. Баробари ӯро дидан, ҷаста аз ҷоям хестаму аз гиребонаш доштам. Ду бародар чунон ҷанг шудем, ки ногуфтанӣ! Аз даҳонам ҳарчи баромад, гуфтам, бародарам ҳам паст наомада, маро дашномҳои болохонадор медод. Моҷарои мо бо мушту лагад анҷомид. Ӯ маро бераҳмона мезаду ман ӯро, духтурҳо базӯр моро аз ҳамдигар ҷудо карданд.
Бародарам мисли хурӯси ҷангӣ «ин кампир мурданӣ надорад, як тин пулашро сарф карданӣ нест, ҳоло истед, рӯзатонро аз ин ҳам сиёҳтар мекунам» гӯён, таҳдидкунон баромада рафт. Духтурҳо маро ором карда ба назди модарам дароварданд. Қариб то шом даводав карда табибон модарамро каме ба худ оварданд. Аслан бояд чанд рӯз дар беморхона мехобид, вале кампир якравӣ карда «ҷавоб диҳед, ба хонаам меравам, мурам ҳам дар хонаи худам мурам» гуфта ду пояшро ба як мӯза андохт. Маҷбур шудам, ки забонхат навишта ӯро аз беморхона барорам. Духтурҳо таъкид карданд, ки ба модарам чизе шавад, онҳо ҷавобгар нестанд. Хуллас, бо як азоб модарамро ба хона оварда рӯйи кат хобондам ва хонаро ба тартиб дароварда барояш хӯрок пухтам. Бародарам ба ҷойи бахшиш пурсидан ҳамоно пул талаб мекард. «Худатро ба дор овезӣ ҳам, як тин намедиҳем» гуфтам қатъӣ ва талаб намудам, ки модарамро ба ҳоли худаш гузорад. Бародарам дигар чизе нагуфта баромада рафт. Пас аз ду рӯз фаҳмидам, ки бародари аблаҳам тамоми ангуштаринҳои модарамро дуздида бурдааст. Ба хотири бадтар нашудани аҳволи модарам ин сирро пинҳон доштам, вале ҳақиқат рӯйи об баромад. Акнун кампир шабу рӯз гиря карда бародаратро ёб гуфта истодааст. Мехоҳам аз ин минбари баланд ба бародарам, ки то ҳол моро бо кӯчагардияш азоб медиҳад, бигӯям:
Саттор, ту очаамро куштан мехоҳӣ?! Дар ёдат ҳаст, ки ба раҳматии падарам чӣ ваъда дода будӣ? «Бародараму модарам ба ман амонат» гуфтагӣ одам магар ту набудӣ? Чаро ба амонати падарам хиёнат кардӣ ака? Ту то ба кай моро азоб медиҳӣ? Ба худ биё Саттор, ҷонамон аз ҷабру ситами ту ба лабамон расидааст охир…
Нозимҷон, ш. Ваҳдат