Омӯзгорони мактаби миёна дар шаҳри Галешеве (ЮАР) бо дидани он ки яку якбора 18 нафар толиба бо доду фиғон худро ба замин партофтанд, ба даҳшат омаданд.
Духтарон сабаби ба чунин ҳолат гирифтор шуданашонро ба таъсири ҷину руҳҳои нопок рабт додаанд. Омӯзгорон аз тарс толибаҳоро дар утоқи алоҳида маҳкам карда, волидонашонро ба мактаб даъват кардаанд.
Дар Африқои ҷанубӣ давоми чанд ҳафтаи охир ин ҳодисаи сеюм аст, ки яку якбора чанд нафар ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд. Руҳониён падидаи мазкурро ба таъсири қувваҳои нопок алоқаманд месозанд, вале равоншиносон сабабро дар сар задани изтироби шадиди руҳӣ мебинанд.