arzon replenishment
ҶАЗЗОБТАРИН МАРДИ ДУНЁ АЗ БЕМОРӢ РАНҶ МЕКАШАД
2687

 

Роберт Паттинсон, модел ва ҳунарманди 34-солаи бритонӣ ба бемории сироятии коронавируси нав мубтало шудааст.

Дар ин бора “Meduza” хабар медиҳад. Манбаъ навиштааст, ки гурӯҳи корӣ чанде қабл хостаанд, ки дар шаҳри Лондон филми навбатии “Бэтмен”-ро ба навор гиранд, аммо бинобар ба COVID-19 гирифтор шудани Роберт Паттинсон, ки қаҳрамони асосиии филм мебошад, наворбардорӣ ба таъхир гузошта шудааст. Ҳоло ҳунарманд дар шароити хона табобат мегирад ва карантин шудааст. Сабти филми навбатии “Бэтмен” бо иштироки Паттинсон моҳи январи соли ҷорӣ оғоз шуда, моҳи март бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус қатъ гардида буд. Гурӯҳи эҷодӣ чанде қабл дубора наворбардории филмро оғоз карданӣ буданд, ки боз иҷрокунандаи нақши асосӣ ба COVID-19 гирифтор шуд ва сабти филм боз ба таъхир афтод.

Филми нави “Бэтмен” бояд моҳи сентябри соли 2021 бори нахуст ба намоиш гузошта шавад. Ҳанӯз аввали имсол олимон дар натиҷаи як озмоиш бо риояи принсипҳои қадимии юнонии таносуби тиллоӣ Роберт Паттинсонро зеботарин марди ҷаҳон эълон карда буданд. Ба гуфтаи олимон, чеҳраи ин ҳунарманди ҷавон ба 92,15% комил будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД