Хушкмеваҳои омодашуда аз себ, нок, хуч, олучаи турш, дулона ва дигар меваҳо ба марази тамошо гузошта шуд, маҳсули дасти мардуми ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мебошад.
Сокинони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз боғҳояшон меваҳоро ҷамъоварӣ карда, хушконда, барои захираи зимистон омодагӣ дидаанд. Дар баробари ин, онҳо маҳсулоти худро ба бозорҳои вилояти Хатлон ворид карда мардуми шаҳрнишинро низ бо ин навъи маҳсулоти ватанӣ дар чаҳор фасли сол таъмин менамоянд.
Азизулло Муродов, Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангалӣ ноҳияи Ховалинг, ки дар Форуми байналмиллалии содироти “Бохтар Фуд 2022” иштирок дошт, меҳнатии дастии сокинони ноҳияи Ховалинро барои меҳмонон ва хориҷиён ба намоиш гузошт.
Номбурда дар суҳбат қайд кард, ки ин маҳсулотҳои соҳаи ҷангали ноҳияи мо мебошад, ки онро мардум бо дастонашон коркард кардаанд. “ Мо кӯшиш карда истодаем, ки то охири сол, барори коркардӣ маҳсулотҳои ҷангал корхонаи мевахушкунӣ ва коркардӣ меваи хуш бунёд намоем. Дар ин замина мо ба “ЮСАИД” пешниҳод кардаем ва интизорӣ ҷавоби онҳо ҳастем.
Лозим ба ёдоварист, ки дар намоишномаи фурӯши маҳсулоти ватанӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии 70 солагии Водии Вахш, ки дар маркази вилояти Хатлон ҷойгир аст, бо иштироки зиёда аз 65 соҳибкор баргузор гашт. Баъдан дар бинои Қасри фарҳанги вилоят, Форуми байналмиллалии содиротии “Бохтар Фуд 2022” , бо иштироки зиёда аз 300 нафар роҳбарону масъулини мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ баргузор гашт.