Азизхони Ризо аз ҷумлаи сарояндагони машҳури мо дар фазои маҷозӣ аст. Сурудҳои ӯро миллионҳо нафар гӯш мекунанд. Аз дарду доғи ошиқон месарояд. Чанд вақт камнамо шуд ва шунидем, ки ба хизмати Ватан-Модар рафтааст. Ҳафтаи гузашта бошад, фаҳмидем, ки ӯ хизматро бо сари баланд адо карда, аз пайи таҳияи сурудҳои нав аст.
Бо Азизхон доир ба хизмати ҳарбӣ, сарояндагӣ, дипломдорӣ ва шикасту рехти зиндагиаш суҳбат кардем, ки фишурдааш манзур мегардад.
ФАСЛИ ЯКУМ:
Аз хизмати ҳарбӣ то тавлиди суруди “Туҳфа ба Пешво”
- Шумо дар хизмати ҳарбӣ будед. Кай рафтед ва умуман чӣ хел гузашт хизмататон?
- Азбаки ман пас аз хатми мактаби олӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтам, он яксола буд. Соли гузашта дар ҳамин моҳи октябр сафарбар шудам. Бо сари баланд қарзи худро назди Ватан-Модар адо карда, омадам.
- Хизмати ҳарбии як сарояндаи машҳур аз хизмати дигарон чӣ фарқ дорад?
- Шукр, хизмат бисёр хубу хотирмон гузашт. Хизмати ман аз дигарон кам фарқ кард, зеро он ҷо ҳама баробар аст ва ҳама як ҳадаф дорад. Ягона тафовут ҳамин буд, ки маро ҳамчун санъаткор мешинохтанд ва вақтҳои бекорӣ хоҳиш мекарданд, ки барояшон суруд бихонам. Албатта, шахсе, ки ҳунар дорад, дар ҳамаҷо қадр карда мешавад ва подоши заҳматҳои солиёни дароз кашидаашро мечашад.
- Шароит барои хизмат кардан чӣ гуна буд ва оё метавонед бигӯед, ки аз ҷиҳати рӯҳиву чисмонӣ хеле дигаргунӣ шуд дар ҳаётатон?
- Беҳуда нагуфтаанд, ки “хизмат ҳарбӣ мактаби бузурги ҷавонмардиву худшиносист”. Он шароите, ки тӯли як сол ман дидам, бовар кунед, ҳама чиз барои сарбозону афсарон муҳайёст. Махсусан, ман дар қисми ҳарбии 5453-и Қушунҳои дохила адои хизмат кардам ва он ҷо касе аз чизе танқисӣ намекашад. Дар баробари хизмат, боз курсҳои гуногуни касбомӯзӣ фаъоланд, ки ҳар нафар метавонад ҳунар омӯзад ва барои пешбурди зиндагиаш истифода барад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки хизмати Ватан-Модар маро ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман рушд дод ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастиамро зиёд намуд. Ният дорам, ҳар чӣ бештар сурудҳои ватандӯстона эҷод намоям.
- Ба наздикӣ суруди наватон бо номи “Туҳфа ба Пешво” бо намоҳангаш нашр шуд, ки онро дар қисми ҳарбӣ сабт кардед. Қиссаи тавлиди ин сурудро ба мо гуфта метавонед?
- Дар моҳи чоруми хизмат будам. Рӯзе қадами сарбозӣ мезадем ва бо дидани парчамамон, ки парафшон буд, беихтиёр аз чашмонам ашк рехт. Ашки шодӣ буд, ки Худованд барои мо тоҷикон Президенте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато намуд ва ин шахсияти барҷаста миллату давлати моро аз нобудӣ раҳо кард. Идеяи суруд ҳамон вақт пайдо шуд. Ҳамин тавр, кӯшиш кардем, ки хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз аввали ба сари қудрат омаданашон то имрӯз, ки албатта, бешуморанд, дар суруд ҷой диҳем ва пешниҳод намоем. Ба ибораи дигар, суруди мазкур меҳнату заҳмати тамоми ҳайати қисми ҳарбии 5453-и Қушунҳои дохила мебошад. Ҳамчунин, бо суруди “Туҳфа ба Пешво” дар озмуни “Сарбози Ватан” сазовори ҷойи дуюм гардидам. Дар умум, суруди мазкур дидаву шунидаҳои як сарбоз аст, ки тамоми ғамхориҳову дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дидаву шунидааст.
ФАСЛИ ДУЮМ:
Аз қиссаи ишқи ноком то кӯшишҳои нав
- Асосан, мардум шуморо ҳамчун сарояндаи сурудҳои ошиқӣ мешиносад, чӣ сабаб шуд, ки шумо дар мавзӯи ишқу хиёнат бисёр суруд мехонед?
- Асосан, бархеҳо маро “султони ишқ” мегӯянд, зеро дар ҳақиқат қисми зиёди таронаҳои ман ошиқӣ ҳастанд. Сабаби аслии интихоби мавзӯи ишқу муҳаббат дар эҷодиёти ман он аст, ки ошиқ шудаам ва ба дилдодаам нарасидаам. Ҳамон ишқи ноком, ки ҳоло ҳам фаромӯш нашудааст, маро водор мекунад, ки ҳам барои худ ва ҳам барои тамоми азиятдидагон аз ишқ бисароям.
- Дар таронаҳоятон шумо аз хиёнату нофаҳмиҳои дилдодаҳо мегӯед, оё ин мавзӯъҳо ба зиндагии шахсии шумо дахл доранд?
- Албатта, дахл доранд, зеро ҳар эҷодкор дар маҳсули эҷодаш каме ҳам бошад, дардҳояшро ҷой медиҳад. Аммо бояд бигӯям, ки 60-70 фисади сурудҳоям аз зиндагии мардум гирифта шудаанд. Бархеҳо занг зада, аз рӯзгори талхашон нақл мекунанд ва ман дар асоси он суруд таҳия мекунам.
- Кадом сурудатон пурра аз ҳаёти шахсии худатон аст?
- Сурудҳои “Бароят бахт мехоҳам”, “Рӯзат сиёҳ гардад” ва чандтои дигар ба зиндагии худам хеле монанданд. Аз ин ба баъд ҳам кӯшиш мекунам, ки дар таронаҳоям пораҳои ҳаётам зиёд бошанд, зеро рӯзгори ман ҳам пур аз шикасту рехт аст.
- Аксари намоҳангҳои шумо дар баробари суруд, боз саҳнаҳои муайян ва суханҳои зиёд доранд. Чунин шакли клипкуниро чӣ гуна қабул кардед ва сенарияҳоро кӣ менависад?
- Агар аз қисмати дуюми саволатон ҷавоб диҳам, хуб мешавад. Албатта, ҳастанд дӯстоне, ки дар масъалаи таҳияи суруду намоҳангҳо бо эшон ҳамкорӣ мекунам, аммо бояд бигӯям, ки аксари сурудҳоямро худам менависаму оҳанг месозам. Ҳамчунин, сенарияи намоҳангҳоямро низ аксаран худам месозам. Дар масъалаи доштани саҳнаҳои гуногун дар намоҳангҳо, бояд бигӯям, ки тавре дар боло ишора кардам, аксари сурудҳои ман аз зиндагии мардум ҳастанд ва вақте ки онҳо қиссаашонро нақл мекунанд, ҳамаи онро дар суруд ҷой дода наметавонем. Аз ин хотир, бахзе ҷойҳои муҳими қиссаҳоро ҳамчун саҳна месозем ва давомашро дар суруд ҷой медиҳем. Дар умум, мухлисон чунин тарзи пешниҳодро хуб мепазиранд.
- Санъат роҳи душвор аст, шумо чӣ мушкиливу душвориҳоро дар ин соҳа дидед?
- Беҳуда нагуфтаанд, ки “санъат қурбониро металабад”. Ин роҳ бисёр душвору ноҳамвор аст ва ман аз замони донишҷӯӣ инҷониб дар ин самт азоб мекашам. Рӯзҳое шуд, ки худам нахӯрдаму ба санъатам масраф кардам. Даҳҳо дарро ба рӯи ман пӯшиданд ва даҳҳо кас гуфт, ки модоме бачаи камбағал ҳастӣ, пул надорӣ, сароянда нашав! Даҳҳо бор диламро шикастанд, аммо ман таслим нашудам, зеро ин соҳаро ман дӯст медорам ва агар ба ин кор машғул нашавам, будану набуданам як аст. Шукр, бо азобҳову меҳнатҳои зиёд ба имрӯз расидам ва боз ҳам зиёдтару бештар кӯшиш хоҳам кард.
- Мо сарояндагоне дорем, ки дар интернет машҳуранд ва боз сарояндагоне дорем, ки тариқи телевизионҳо сурудҳояшон пахш мешаванд. Шумо бисёртар дар интернет шинохта шудаед. Оё кӯшиш накардед, ки дар телевизион ҳам баромад кунед?
- Вақте ки ман фаъолияти сарояндагиро оғоз кардам, мардуми мо ба Ютуб зиёдтар дастрасӣ пайдо мекарданд ва он ҷо шунавандаи зиёд пайдо кардам. Ҳатто сурудҳои ман то се миллион бозбинӣ ҳам доранд. Дар мавриди ба телевизион роҳ ёфтан бошад, хеле кӯшиш кардем, аммо чун шахсе наёфтем, ки дастгириамон кунад, таронаҳоямон дар телевизион пахш нашуданд. Сипас, пурра таваҷҷуҳро ба интернет кардем. Аммо ба ҳар ҳол боз кӯшиш карда истодаем, ки дар барномаҳои телевизионӣ низ фаъол бошем, зеро таъсири телевизион дигар аст.
- Дар мо бисёр мегӯянд, ки сарояндагони ҷавон матни хароб доранд. Дар масъалаи матну оҳанг бо киҳо ҳамкорӣ мекунед?
- Машҳур шудан дигар асту маҳбуб шудан дигар. Машҳур дилхоҳ кас метавонад шавад, аммо муҳлат бисёр кам аст. Маҳбубшавӣ хеле душвор аст, зеро меҳнату заҳмати зиёд бояд кард. Яке аз рукнҳои асосии маҳбубшавӣ дар соҳаи сарояндагӣ ин аст, ки бояд матну оҳанги хуб интихоб намоӣ. Ман ҳам худам менависам, ҳам аз китобҳо мегирам ва ҳам бо ёри дӯстонам Азимзод Азим ва Муроди Иброҳим омода мекунам.
- Шумо аз ҷумлаи сарояндагоне ҳастед, ки расман дар ин соҳа таҳсил кардаед ва диплом доред. Бигӯед, ки барои санъаткор шудан, диплом даркор аст?
- Бале, ман тӯли панҷ сол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсил кардаам. Дар он даргоҳ решаи санъатро ман фаҳмидам ва нозукиҳои ин соҳаро омӯхтам. Фикр мекунам, ки таҳсил кардану диплом доштан бисёр муҳим аст, зеро соҳаи коратро хуб мефаҳмӣ ва дарк мекунӣ. Албатта, санъат бархе тасодуфиҳоро низ хуш қабул мекунад, аммо бисёр кам.
- Боре фикр кардаед, ки тарки санъат кунед?
- Агарчи нокомиҳову ноҳамвориҳо хеле зиёд буданд, аммо фикри тарки санъат накардаам, зеро ин соҳаро ман аз таҳти дил дӯст медорам.
- Санъат аз шумо чӣ гирифту ба шумо чӣ дод?
- Санъат ба ман ном, нон, шуҳрат, эҳтиром... дод. Зиндагӣ маро шикаст, санъат умеди дигар дод. Дар мавриди чӣ гирифтанаш бошад, албатта, умрро гирифт.
- Мухлисонатон аз шумо чӣ интизор шаванд?
- Ҳоло зиёда аз даҳ суруди нав омода карда истодаем, ки дар доираи як албом бо номи “Умре дар интизор” пешкаши мухлисон мегардонем.