Arzon march 2024
АЗ ТАЪМИРУ ТАҶДИД ВА МУҶАҲҲАЗГАРДОНӢ ТО ТАҚДИМИ «“DAMAS”
01.02.2024
ПРОМО
346

 

Кӯмаки хайриявии «IRS» ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» чунин масир дорад

Сарпарасти Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозӣ намуда, дар баробари иҷрои рисолати ба зиммааш вогузоршуда фаъолияти хайриявиашро низ густариш мебахшад.

Аслан роҳбарияти филиали Ширкат барои дар ин маврид ҳарф задан ҳавасманд нест. Онҳо муътақиданд, ки хайру саховат набояд василаи худнамоӣ бошад.

Танҳо ба хотири огоҳии ҷомеа ва ботил намудани сафсаттаҳои як «идда» дар бобати танҳо ба пулчинӣ машғул будани филиали ширкат овардани чанд далелро, ки «муште аз хирвор аст», бамаврид медонем. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе ба таври мунтазам кӯмак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт. Шоистаи зикр аст, ки филиали ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд.

Ҳамрадиф бо ин иқдомот «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хӯрока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.

Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати собиқадорон рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.

Илова бар ин, дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.

Чанде пеш аз ҷониби «IRS» ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» туҳфа шудани микроавтобуси тамғаи “Damas” ва миқдори зиёди қолинҳо идомаи мантиқии ин раванд мебошад.

Барои чунин хайрхоҳу накукор будан ба роҳбарияти «IRS» арзи сипоси бошандагони муассисаро расонида, таманно дорам саодатманду комёб бошанд.

Чеҳрагул Қосимовадиректори Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД