Commerc banl
Аз сим-корт то интиқолҳо: чӣ тавр метавон аз рӯзҳои аввал зиндагӣ дар Русияро осон кард
18.03.2026
Oila.tj
63

Бифаҳмед, чӣ гуна ҳафтаҳои аввали зиндагӣ дар Русияро осон намуда, масъалаҳои муҳим: аз алоқа ва маблағ то интиқол ба оила — дар як ҷо ҳал кунед

Шумо ба Русия меоед ва дарҳол бо саволҳое рӯ ба рӯ мешавед, ки вақт ва нерӯи зиёд талаб мекунанд: чӣ гуна дар тамос мондан, пулро аз куҷо гирифтану дар куҷо нигоҳ доштан, чӣ тавр ба оила фиристодан, бо ҳуҷҷатҳо ба куҷо муроҷиат кардан ва агар чизе нофаҳмо бошад, чӣ кор кардан. Ва аксар вақт мушкилот дар он нест, ки ягон роҳи ҳал набошад, балки ҳар масъала дар ҷои гуногун ҳал мешавад. Бонк дар як ҷо, алоқа дар ҷои дигар ва ҳуҷҷатҳо дар ҷои сеюм аст.

Хабари хуш дар он аст, ки агар бонки дурустро интихоб кунед, баъзе аз ин масъалаҳоро дарҳол метавонед ҳал кунед. T-Bank ба хориҷиён дар ҳалли масъалаҳои асосии зиндагӣ дар Русия дар як ҷо кӯмак мекунад — бе сафарҳои нолозим, навбатҳо ё равандҳои мураккаб.

Биёед бубинем, ки хориҷиён дар ҳафтаҳои аввали пас аз кӯчидан бештар бо чӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва чӣ гуна метавон ин масъалаҳоро зуд ҳал кард.

Чӣ гуна бо назардошти қонуни нав сим-корт харидан мумкин аст

Аз 1 январи соли 2025 ба хориҷиён душвор шуд. Тибқи Қонуни № 303-ФЗ "Дар бораи алоқа" аз 8 августи соли 2024, барои харидан ва фаъол кардани сим-корт бояд аз мушаххаскунии шахсият дар Системаи ягонаи биометрӣ (ЕБС) гузашт.

Барои ин, чӣ бояд кард:

- Дархост кардани СНИЛС;

- ҳисоби шахсиро дар Госуслуги сабтином ва тасдиқ кардан;

- супурдани биометрия;

- тавассути оператори алоқа дар ЕБС мушаххас шудан.

Одатан ин раванд сафар ба идораҳои гуногун ва вақти зиёдро талаб мекунад. T-Bank ҳамаи инро осонтар кардааст ва ҳама чизи лозимиро якбора таҳия мекунад: ба шумо СНИЛС медиҳанд, дар Госуслуги сабтином мекунанд, дар пешниҳоди биометрия кумак мерасонанд ва сим-корти фаъолро медиҳанд. Барои ин ба МФЦ, бонк ё оператор ҷудогона рафтан шарт нест — намояндаи T-Bank, ки метавонед ҳатто ӯро ба хонаи худ даъват намоед, барои гузаштан аз тамоми марҳилаҳо кумак мекунад.

Сим-корти T-Mobile мутобиқи ниёзҳои шумо танзим мешавад: метавонед интихоб кунед, ки чанд дақиқа ва чӣ қадар интернет лозим аст. Саволҳо вобаста ба таърифа ва алоқа тавассути онлайн-чат ё телефон ҳал мешаванд — бе ташриф ба офис.

Бо обунаи Pro, лимитҳои афзуда, бонусҳо, 600 дақиқаи ройгон ё 1200 дақиқаи ройгон дар T-Mobile ва 30% тахфиф барои бастаи интернет дар Русия дастрас аст — вобаста ба таърифаи шумо*.

Кадом корт шахсан барои хориҷиён мувофиқ аст

Вақте ки масъалаҳои алоқа ва ҳуҷҷатҳо ҳал шуданд, саволи навбатӣ пул аст. Бояд маош ё интиқол гирифт, барои манзил пардохт кард, харид анҷом дод ва ҳамзамон барои хизматрасонии корт маблағи зиёдатӣ насупурд. Аксарияти хориҷиён ҳангоми кушодани корт ба мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд ва на ҳамеша шартҳои комиссия ва хизматрасонӣ равшананд.

Корти Black аз T-Bank-ро ҳатто бе сим-корти русиягӣ метавон дархост кард. Хидматрасонӣ ройгон аст, агар дар корт ва дигар суратҳисобҳои дебетии T-Bank аз 50 000 ₽ маблағ нигоҳ доред. Дар ҳолатҳои дигар, ҳаққи хидматрасонӣ ҳамагӣ 99 ₽ дар як моҳ.

Мехоҳед пули нақд гиред? Бо корти Black, метавонед то 500 000 ₽ дар як моҳ бе комиссия аз банкоматҳои T-Bank ва аз 3 000 то 100 000 ₽ аз дигар банкоматҳо дар саросари Русия гиред*.

Корти Black инчунин дар сарфа кардан кумак мекунад, зеро бо бо он кэшбэк медиҳанд: то 15% дар чор категорияи интихобшуда ва то 30% дар пешниҳодҳои махсуси шарикон. Бо обунаи Pro кэшбэк метавонад баландтар бошад, аз ҷумла ҳангоми хариди билетҳои ҳавопаймо тавассути хадамоти "Саёҳат" дар барнома*.

Барномаи T-Bank метавонад бо забонҳои тоҷикӣ (ӯзбекӣ) ё англисӣ танзим карда шавад — меню, тугмаҳо ва огаҳиҳо аз рӯзи аввал фаҳмо хоҳанд буд. Ва агар ягон савол ба миён ояд, хадамоти пуштибонӣ шабонарӯзӣ бе рӯзҳои истироҳат кор мекунад ва метавонад бо забонҳои тоҷикӣ (узбекӣ), русӣ ё англисӣ сӯҳбат кунад.

Чӣ тавр пулро ба оила, ба хориҷа бе комиссия метавон интиқол дод

Одатан якчанд саволҳо ба миён меоянд: комиссия чӣ қадар аст, бо кадом нарх арз мубодила карда мешавад ва ба гиранда чӣ қадар маблағ меояд.

Бо корти Black аз T-Bank, метавон то 20 000 ₽ дар як моҳ ба хориҷа бе комиссия интиқол дод. Агар шумо мунтазам пул интиқол диҳед, обунаи Pro лимити ройгонро то 50 000 ₽ дар як моҳ зиёд мекунад. Комиссия пешакӣ маълум аст — бе шартҳои пинҳонӣ*.

Пулро метавон тавассути рақами телефон интиқол дод, аз ҷумла ба Тоҷикистон (Узбекистон) ва дигар кишварҳои ИДМ. Дар барнома шумо метавонед дарҳол бубинед, ки наздиконатон чӣ қадар пулро бо арзи маҳаллӣ мегиранд. Маблағ ба таври худкор бо нархи арзи ҷорӣ мубодила мешавад — бе ҳисобҳои иловагӣ ва сюрпризҳо.

Чӣ гуна метавон барои орзуҳо маблағ ҷамъ кард

Пас аз ҳалли масъалаҳои асосӣ, вақти дар бораи оянда фикр кардан фаро мерасад. Аксарияти хориҷиён бо ҳадафҳои мушаххас ба Русия меоянд: харидани манзил, овардани оила, кушодани бизнес ё танҳо ташкили захираи молиявӣ. Аммо аксар вақт пул дар корт бе ягон даромад мемонад ё барои чизҳои хурд ҳарҷ мешавад.

Дар T-Bank суратҳисоби пасандоз аст, ки имкони гирифтани то 11% солонаро фароҳам меорад. Ҳамзамон метавонед маблағро ҳар вақт гузоред ё гиред — бе аз даст додани фоизҳо. Ин нисбат ба амонати муқаррарӣ мусоидтар аст, зеро охири муҳлатро барои гирифтани маблағ интизор шудан шарт нест*.

Шумо метавонед бо ҳар маблағ оғоз кунед — ҳатто 100 ₽. Фоизҳо ҳар рӯз ба бақия ҳисоб карда шуда, ҳар моҳ пардохт мешаванд. Шумо метавонед то 12 суратҳисоби пасандозро ройгон кушоед ва барои мақсадҳои гуногун ҷамъ кунед: яке барои хона, дигаре барои таҳсили фарзандонатон, сеюм — барои истироҳат*.

Илова бар ин, корти Black бо кэшбэк имкони зудтар ҷамъ кардани маблағро фароҳам меорад. Бо пешниҳодҳои махсус аз шарикон, кэшбэк метавонад ба 30% расад*. Масалан, агар дар барнома хӯрок фармоиш диҳед ё билет харед — қисми маблағ ба шумо бармегардад.

T-Bank ба хориҷиён имкон медиҳад, ки масъалаҳои асосии зиндагиро дар як ҷо ҳал кунанд: аз ҳуҷҷатҳо ва алоқа то пасандоз ва интиқоли маблағ ба оила. Ин вақт, нерӯ ва маблағро сарфа мекунад — чизҳое, ки махсусан дар ҳафтаҳои аввали пас аз кӯчидан муҳим аст.

Дарёфти тафсилот дар бораи корти Black ва хадамоти муфид барои хориҷиён дар сайт дастрас аст. Ворид шавед ва дархост гузоред.

* Маълумот дар бораи шартҳои муфассали гирифтани кэшбэк, даромади афзуда ва истифодаи хадамот, аз ҷумла ҳамаи таърифаҳо ва лимитҳо, дар сайти расмии T-Bank дарстрас аст. Маводи рекламавӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД