Sebiston new 2024 october
АЗ САРИ БЕРОҲА ЗАР РЕХТАМ, НАШУД!
22.08.2021
ДИЛОШӮБ
6531

Эркаписар

Дар хонаводае ман ба дунё омадам, қонунҳои нонавиштае вуҷуд доштанд, ки дар аксари оилаҳои анъанавии тоҷикӣ мавҷуданд.

Мо ҳамеша ба даҳони падару модар нигоҳ мекардем ва берун аз фармони эшон по намемондем. Ман, ки байни чор духтар фарзанди кенҷа ва писари деринтизори волидонам будам, аз як қатор «сабуки»-ҳо бархӯрдор будам. Падарам раиси ноҳия буданду хеле марди қавию сарватманд, мо аз чизе танқисӣ надоштем, зиндагиямон хеле шоиста буд.

Падарам аз овони хурдӣ ба ман рондани мошину аспсаворӣ, гӯштингирию дигар ҳунарҳои барои мард даркориро омӯхт. Синфи шаш мехондам, ки мошини «Волга»-и падарамро мерондам, ҳамсояамон кампири Тоҷинисо мазоҳам мекард, ки “мошини бе шофира дидам, медонам бачаи раисай”. Хешу табор гумон мекарданд, ки ман эркаписари падарам ҳастам, аммо ин тавр набуд. Падарам маро дӯст дорад ҳам, ҳамеша таъкид мекард, ки хуб хон, гирди номи падар нагарду падари хеш бош.

Ман аз рӯйи маслиҳатҳои падари хирадманд ва модари порсоям амал карда, мактабро бо медали тилло тамом намуда, ба донишгоҳ бо саводи худам дохил шудам.

Домоди серхаридор

Апаҳоям ҳамаашон Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, дар гӯшаҳои гуногуни диёр ба шавҳар баромаданд. Яке дар Хуҷанд, дуввумӣ дар Дарвоз, савумӣ дар Ҳисор, танҳо апаи хурдиям ба ҷавонмарди хатлонӣ расиду дар ноҳияи худамон ба кор оғоз кард. Ман донишгоҳро дар иштаи иқтисод хатм намуда, дар шаҳр мондам ва оиладор нашуда, алаккай дар зинаҳои мансаб боло рафтам. Падару модарам дар ноҳия танҳо буданд, духтари апаи дар ноҳияи худамон кор мекарда ҳамроҳашон буд. Онҳо хеле мехостанд сари маро ҷуфт кунанд ва келини арзанда мекофтанд ва ёфтанд. Гулсара ба тозагӣ Донишгоҳи тиббиро хатм карда, ба ноҳия баргашта, аз оилаи баобрӯ буд. Апаам ӯро барои ман хуш карду ману волидайнам интихобашро пазируфтем. Ростӣ, духтарак хеле зебову қоматбаланду барно буд, ман низ ҷавони чор кас медидагӣ будаму дар шаҳр маъшуқаҳои бешумор доштам, вале бо як дидан ошиқи иффату покизагию зебоии Гулсара гаштам. Пас аз он ки мо барои «бегона», ба қавли хешу табор хостгорӣ рафтем, чанд кас хафа шуд, зеро онҳо гумон доштанд, ки ман домоди онҳо мешавам.

 

Тӯйи ману Гулсара хеле бошукӯҳ гузашт ва ман бо гузаронидани як ҳафта бо гуларӯси перостаам ба шаҳр баргаштаму ӯро ҳамроҳи падару модарам мондам. Тӯли панҷ сол соҳиби ду писари нозанин шудем, як пойи ман дар Душанбе буду пойи дигарам дар ноҳия. Як рӯз падарам хоҳиш кард, ки писари калониямро бо онҳо монда, занамро ҳамроҳам ба шаҳр барам. Гулсара, ки дар ноҳия кору обрӯ дошт розӣ нашуд, вале падарам танҳогардӣ бас, гӯён ӯро ба зӯр бо ман равон кард.

 ДАВОМ ДОРАД...                        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД