Чанд рӯз боз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан «Ватсапп», "Телеграмм", "Имо", "Ок", "Инстаграм", "Фейсбук" дар байни сокинони шаҳри Панҷакент ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон паёмакҳои ваҳмангезе паҳн гардидааст, ки шахсони ношинос бо автомашинаҳои ҳархела (гуногунмарка) ба деҳаҳо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, худро ҳамчун савдогар муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу васила ба рабудани пулу моли шаҳрвандон ва ба қатл расонидани кӯдакон машғуланд.
Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки ин хабарҳои пурҳангома асоси воқеӣ надошта, аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда мешаванд.
Аз ҷумла хабару паёмакҳои бо забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ тариқи вотсапп паҳншуда дар бораи он ки гӯё дар деҳаи Қуштеппаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент одамони ношинос як модару фарзандашро ба қатл расонидаанд, асоси воқеӣ надошта, ба хотири тарсу ваҳмро дар дили мардум ҷойгир кардан ва ноором сохтани ҷамеа аз ҷониби баъзе бадхоҳон бофта ва тариқи интернет паҳн карда шудаанд.
Ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос бовар накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмии дар воситаҳои ахбори омма нашршуда эътимод намоед!