Arzon march 2024
Аз ошёнаи 7 афтиду....
905

Боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид. Ҳодиса рӯзи 11-март рӯй дода, як марди 42-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кор мекардааст, ба шахтаи лифт афтодааст.

Ба иттилоъи портали 78.ru. муҳоҷири тоҷик ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар як бинои навсохт дар шаҳри Санкт-Петербург аз ошёнаи 6 ё 7 ба шахтаи лифт афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади муҳоҷири нокомро барои гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ ба сардхона-морг бурдаанд.Айни замон таҳқиқот аз болои ин ҳодиса идома дорад ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои сар задани ин фоҷиаро месанҷанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД