Arzon march 2024
Аз консерти Валиҷон Азизов то консерт бахшида ба Рӯзи Ғалаба
1831

Валиҷон Азизов санаи 5-уми май дар “Қасри Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд шоу-консерти худро пешкаши ҳаводорони савту наво месозад.

Валиҷон Азизов зимни суҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт: “Дар консерт барои мухлисон чандин таронаҳои нав пешкаш месозем, ки аввалин шунавандаҳо иштирокчиёни ин консерт мебошанд. Консерт ба таври зинда баргузор мешавад ва тӯли як моҳ боз омодагӣ рафта истодааст”.

Дар Театри давлатии «Лӯхтак» 5-уми май, соати 11:00 спектакли афсонавии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фатхӯлӣ Хоҷаев - «Хайнаи шодмонӣ», ки кайҳо боз маҳбубияти хоса дорад, намоиш дода мешавад.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 8-уми май соати 18:00 бахшида ба Рӯзи Ғалаба консерти калони идона барпо мегардад. Дар ин ҷо шумо метавонед сурудҳоро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ гӯш кунед.

Дар толори консертии "Кохи Суруш" 9-уми май, соати 17:00 консерти гурӯҳи "Беҳзод" - дуэти Беҳзоди Озар ва Рӯйна Шералиева баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД