goodwell
Аз хатарҳои гепатит то бемориҳои дигари сироятӣ
05.09.2026
Oila.tj
24

Ба ҷамбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва мардуми шарифи тоҷик аз байни садҳо нафар табибон беҳтаринҳоро интихоб мекунанд. Яке аз пешсафони ин озмун табиби сироятшинос Исфандиёр Нодиров мебошад, ки дар давраи бисёр душвор ва ҳассоси КОВИД-19 ҷони садҳо нафарро аз чанголи ин вабои аср раҳоӣ бахшидааст. Аз ин рӯ мо ин табиби ҳозиқро ба студия даъват намудем, то андешаҳояшро дар боби бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирию табобати онҳо пурсон шавем.

Ҳидояти модаркалон

- Исфандиёр, чӣ боис гашт, ки маҳз касби табибиро интихоб намоед ва чаро ҷарроҳ ё духтури дандон нею маҳз сироятшинос шудед?

- Аввалан, табиб шудан орзуи амалинагаштаи падари азизам буд. Баъдан, модаркалонам аз овони кӯдакиам доим мегуфтанд, ки писари ман табиб мешавад. Ҳидояти модаркалонам дар дили ман орзуи табибшавиро парварид ва ҳарчанд бархе аз наздикон хостанд маро аз роҳам гардонанд, ба интихобам устувор мондам.

- Дар ҳаёти табибон муъҷизаҳо зиёд рӯй медиҳанд. Кадом воқеаи муъҷизавӣ дар фаъолияти тиббиатон то имрӯз дар лавҳи хаёли шумо нақш бастааст?

- Бале, шифо ёфтани беморони ниҳоят вазнин, ки дар дами марг карор доранд, худаш як мӯъҷиза аст. Ин хел ходисаҳо дар таҷрибаи кории банда кам набуданд, вале кӯдаки 10 соларо, ки ҳамагӣ 7 килограм вазн дошт, фаромӯш карда наметавонам. Кӯдак аз ВИЧ сироят ёфта, аз нарасогии маъунияти бадан азият мекашид ва ҳолаташ бениҳоят вазнин буд. Тӯли 63 шабонарӯз ману ҳамкасбонам бо марг дасту гиребон шудем ва шукри худо, ки беморамон шифо ёфт. Имсол ҳамон бача синфи 11-ро хатм намуд. Мо то имрӯз бо ин оила рафтуомад дорем. Замони донишҷӯӣ низ ману як духтараки бадахшониамон як мӯйсафеди бемореро, ки ба марги клинникӣ гирифтор шуда буд, дубора ба зиндагӣ баргардонида будем.

Таҷрибаи COVID-19

- Тамоми давраи COVID-19 шумо дар ҷойи кор ва дар паҳлуи беморон будед. Он рӯзҳо шахсан барои шумо чӣ гуна гузаштанд?

- Дар ҳақиқат, рӯзҳои бениҳоят вазнин буданд, натанҳо дар Точикистон, балки дар тамом ҷаҳон пандемия хеле мушкилиҳоро руи кор овард. Чанд моҳ дур аз модар ва фарзандон шабонарӯзӣ дар беморхона кору фаъолият доштем. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 соат хоб мекардем, вале хушбахтона ҳамааш паси сар шуд.

- Буданд лаҳзаҳое, ки ҳамчун табиб шумо худатон ҳам аз вазъият ҳаросидед ё эҳсос кардед, ки дигар қуввати ҷангиданатон бо ин  вабои аср намондааст?

- Не, ягон маротиба эҳсоси тарс аз ҷони худ маро фаро нагирифтааст, аммо як лаҳзаро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Рӯзҳои аввали бақайдгирӣ ва эълони пандемияи короно дар Точикистон буд. Занг зада аз додарам хоҳиш кардам, ки аҳли хонаводаро ба Исфара барад. Барои худоҳофизӣ бо мошин назди беморхона омаданд. Фарзандонам он вақт хеле хурд буданд, онҳо ҳама бо ниқоб аз беруну ман аз ин сӯи панҷараи беморхона, чашмонашон пур аз ашк, тоқати дидани ин манзараро накарда, ман ҳам ашк рехтам. Фикр мекардам, ки ин чи ҳол аст, ки ҷигарбандатро ба оғӯш гирифтаю бӯсида натавони....

- Аз пандемияи COVID-19 ҳамчун табиб чӣ дарс гирифтед?

- Аввалан таҷриба. Тачрибаи бузурги табибӣ. Таҷрибаи одамшиносӣ, таҷрибаи бузурги корбарӣ дар ҳолатҳои фавқулода.. Баъдан бори дигар ба бузургии гузаштагонамон сари таъзим фуруд овардам, ки гуфтаанд:

Аз ноумедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сияҳ, сафед аст.

Ва ё:

Вирус имтиҳони Худованд пеши мост

Уммед зинда дор, Куруно муввақатист...

Дар боби бемориҳои сироятӣ

- Имрӯз мардум бештар ба кадом бемориҳои сироятӣ гирифтор  мешаванд ва кадоме аз онҳо нигаронкунанда ҳастанд?

- Бемориҳои нигаронкунандаи сироятӣ ин пеш аз ҳама гепатитҳои вирусии В, С ва Вируси норасогии масъунияти одам мебошанд, вале  хушбахтона паҳншавии қисми зиёди ин бемориҳо имсол мушоҳида намешавад. Аммо бояд гуфт, ки бемориҳои сироятӣ хислати мавсимӣ доранд ва ҳаво гарм асту ин шабу рӯзҳо давраи авҷи бемориҳои рӯда мебошад.  

- Ҳангоми гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ одамон бештар ба кадом хатогиҳо роҳ медиҳанд ва кадом андешаҳои дар байни мардум паҳнгашта нисбати чунин бемориҳо асос надоранд?

- Хатогии асосӣ ҳангоми бемориҳои сироятӣ ба худмуолича даст задан ва дар хона нигоҳ доштани беморон мебошад. Ба мактаб ва муассисаҳои томактабӣ фиристодани кӯдакони ба бемориҳои сироятӣ гирифторшуда хатои дигари модарон аст.

- Ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ аксарияти одамон бе тавсияи духтур антибиотикҳоро истифода мебаранд. Ин чӣ хатар дошта метавонад?

- Худмуолиҷа ва табобати нодуруст бо маводҳои антибактериалӣ оқибатхои нохуб дорад, ки дисбактериоз, ба вуҷуд омадани устувории микроорганизмҳо ба маводҳои антибактериалӣ, таъсири  заҳрогинии доруворӣ ба ҷигар ва гурда аз зумраи чунин оқибатҳо мебошанд. Ҳастанд маводҳои антибактериалие, ки бе нишондодҳои ҳаётан муҳим гузаронидани онҳо ба кӯдакон манъ карда шудааст.

- Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки ҳамчун табиби сироятшинос ба мардум дар боби пешгирии касалиҳои сироятӣ маслиҳат диҳед, чӣ тавсияҳо медодед? 

- Барои баланд бардоштани масъунияти организм ду роҳи асосӣ  мавҷуд аст. Яке роҳи табиӣ - ба сар бурдани тарзи ҳаёти солим, ғизои солим истеъмол намудад, обу тоб додани бадан ва машғул шудан бо варзиш. Роҳи дуюм - роҳи сунъӣ, яъне ба роҳи иммунизатсия пешгирӣ кардани бемориҳои сироятии идорашаванда.

«Табиби сол – 2026»

- Шумо ғолиби озмуни “Табиби сол-2018“  ва яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҳастед. Мехостем назаратонро ба озмун бидонем.

- Ростӣ, иштироки ман дар Озмуни ҷумсҳуриявии “Табиби сол-2026” тасодуфӣ буд. Ҳамкорам Шарифзода маро шӯхӣ ба шӯхӣ ба сомонаи samt.tj ҳамрох кард. Аммо назарам ба озмун нек аст. Аввалан, бо ҳамин роҳ табибон муаррифӣ мешаванд. Аср, асри технологияҳои рақамӣ аст. Таҷрибаи баҳогузории табибон дар аксар давлатҳо ҳаст. Корафтодагон ва беморон аз рӯи баҳогузории беморон ва аҳолӣ табиб интихоб мекунанд. Гузоштани коментарияҳову шарҳу эзоҳ аз як тараф барои қадрдонӣ кардани меҳнати шабонарузии табибон муҳим аст. На ҳар бемор дар утоқи табиб метавонад миннатдорӣ ва фикрҳояшро баён намояд, вале дар пушти экрани компютер ё телефон озодона метавонад гапи қалбашро иншо кунад. Инчунин ин платформа барои ислоҳи камбудиҳо ва нуктаҳои зафъ ба табибон ёрӣ мерасонад. Дар маҷмӯъ озмун ба беҳтар гаштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муомилаву муошират байни табибон ва мардум мусоидат менамояд.

- Шахсан барои шумо ҳамчун яке аз иштирокчиёни пешсафи озмун чӣ муҳимтар аст: эътирофи ҳамкасбон, қадрдонии беморон ё ғолиб омадан дар озмун?

- Барои ман на ғолибият, балки эътирофи ҳамкасбон ва қадршиносии беморон муҳим аст. Барои табиб аз шифо ёфтани бемор ё кӯдаки бемор дида чизи муҳимтар вуҷуд надорад.

Дар боби ҳаёти шахсӣ

- Табиб ҳам инсон аст, баъди рӯзи пурмашаққати корӣ чӣ тавр хастагӣ ва фишори равониро мебароред?

- Хастагиамро тавассути сайругашт, қадамзанӣ, гӯш кардани мусиқӣ, суҳбат бо дӯстони самимӣ ва аҳли илму адаб, китобхонӣ ва боғбонӣ  мебарорам.

- Мехоҳед фарзандонатон низ мисли шумо табиб шаванд?

- Фарзандони ман ҳанӯз хурд хастанд, вале аз ҳозир эҳсос мекунам, ки орзуи табиб шуданро доранд. Агар бо гузашти вақт тасмимашон тағйир наёбад, албатта дастгириашон мекунам, вале нахоҳанд, маҷбур намекунам, зеро бидуни муҳаббат ба касб инсон дар ягон соҳа пешрав намегардад.

- Орзуе доред, ки то ҳол амалӣ нагашта бошад?

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд.

Орзуи аввалинам ин аст , ки рисолаи номзадиамро, ки дар арафаи анҷомёбист, ҳимоя намоям ва ба корҳои илмиро идома диҳам. Орзуҳои дигари амалиногаштаасм бо ёрии худованд амалӣ хоханд гашт.

- Ҷавоне назди шумо омада бигӯяд, ки мехоҳад табиб шавад, ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳед?

- Албатта тавсия медиҳам, ки сироятшинос шавад. Сироятшинос дар мамлакатҳои рушкунанда яке аз ихтисосҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Инчунин иқлими гарми мо боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ  мегардад ва ба мо сироятшиносини ботаҷриба заруранд. Вале пеш аз он, ки сироятштиноси хуб шавӣ, бояд терапевт ё педиатри хуб бояд шуд, чунки ин ихтисос меҳнату заҳмату фидокориҳои зиёд металабад.

- Бо онҳое, ки шуморо дар озмуни “Табиби сол-2026” ҷонибдорӣ кардаанд, чи таманно доред?

- Пеш аз ҳама миннатдории хешро баён менамоям. Бемор нашавад. Мо табибон раҳнамои тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятии онҳо бошем. Ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишварамон самимона муборакбод мегӯям. Бигзор Тоҷикистони азизи мо гул- гул шукуфон бошад. Осмони Точикистони офтобӣ ҳамеша софу беғубор ва лабони мардумаш пур аз ханда бод!

Мусоҳиб: Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД