1xbet
Аз кадом корти бонкӣ истифода бурдан беҳтар аст?
70

Дар замони муосир, истифодаи кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарраи мардум табдил ёфтаанд. Шинос шудан ба навъҳои кортҳои бонкӣ, фаҳмиши фарқ ва хатарҳои онҳо, инчунин, интихоби бонки боэътимод ба ҳар шахс дар самти молия идоракунии беҳтарро таъмин менамояд.

Намудҳои корти бонкӣ

Кортҳои бонкӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд.

Якум, кортҳои дебетӣ, ки ба суратҳисоби шахсии мизоҷ пайваст мебошанд. Имконият медиҳанд, ки танҳо маблағи мавҷударо истифода намоем. Масалан, пас аз гирифтани маош, шахс метавонад бо ин корт дар мағозаҳо пардохт кунад ё пул бигирад.

Дуюм, кортҳои кредитӣ, ки ба шахс маблағи муайянро ҳамчун қарзи кӯтоҳмуддат пешниҳод мекунанд. Дар ин ҳолат, маблағи истифодашуда қарз ҳисоб мешавад ва бояд дар муҳлати муайян бо фоиз баргардонда шавад.

Ҳарду навъи корт метавонанд ба қаллобии рақамӣ, дуздии маълумоти шахсӣ ва амалиёти ғайриқонунӣ дучор шаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дониши кофӣ дар бораи муҳофизати маълумоти бонкӣ дошта бошед. Маълумоти махфиии кортро ба касе надиҳед.

Бонкро чӣ гуна дуруст интихоб кард?

Интихоби бонк яке аз қарорҳои муҳими молиявӣ ба шумор меравад. Барои интихоби дуруст бояд ба омилҳои асосӣ таваҷҷуҳ намоем. Пеш аз ҳама, ба эътибор ва эътимоднокӣ. Яъне, таърихи фаъолияти бонк ва эътирофи он дар сатҳи миллӣ ё байналмилалӣ. Сипас, шартҳои хизматрасонӣ. Яъне, комиссияҳо, фоизҳо ва талаботи шартнома.

Қадами дигар, хизматрасонии рақамӣ аст. Яъне, то куҷо дастрасии интернет-банкинг ва барномаи мобилӣ дар бонк фаъол аст.

Баъдан, филиалҳо ва банкоматҳо, ки то куҷо бонк дар минтақаи зисти шумо инфрасохтори кофӣ дорад ё не. Ниҳоят, дастгирии муштариён, ки то кадом андоза хати кӯмак, чат ё маркази муроҷиат барои мизоҷон мавҷуд аст.

Кэшбэк ва тахфифҳо

Хизматрасониҳои онлайн ва мобилии бонкҳо низ омили муҳим барои интихоби бонк аст. Имрӯз бо рушди технология, аксари бонкҳо хизматрасониҳои худро тариқи рақамӣ низ пешниҳод мекунанд. Масалан, интернет-банкинг. Он барои идоракунии суратҳисоб, интиқоли маблағ, пардохти хизматрасониҳо истифода мешавад.

Барномаҳои мобилӣ. Дастрасии зуд ва осон тавассути телефон. SMS-огоҳӣ ва огоҳиномаи электронӣ.

Кэшбэк ва тахфифҳо, барномаҳои ҳавасмандсозӣ барои истифодабарандагони фаъол муҳим аст. Ин хизматрасониҳо на танҳо вақти мардумро сарфа мекунанд, балки шаффофият ва назорати шахсро дар низломи молия афзоиш медиҳанд. Истифодаи оқилонаи кортҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ метавонанд ба ҳар ҳар шахс дар беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва устувории молиявӣ мусоидат кунанд. Барои ин, донистани фарқ байни намудҳои корт, баҳо додан ба хатарҳо ва интихоби дурусти бонк муҳим аст.

Усмон РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД