Arzon march 2024
Аз Душанбе ба Қазоқистон хати нави парвоз кушода шуд
1539

Ба Қазоқистон боз як хати нави парвоз кушода шудааст. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар дода, зикр намудааст, ки аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона хатсайри мустақим кушодааст.

Ифтитоҳи хатсайри нав натанҳо шабакаи хатсайрҳои ширкатро васеъ мекунад, балки ба таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат намуда, имконияти хуби анҷом додани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду давлатро фароҳам меорад. Мусофирон метавонанд минбаъд аз шаҳри Душанбе рост ба шаҳри Остона парвоз намоянд.
Парвози нахустин аз Душанбе ба Остона рӯзи 2-апрел дар назар дошта шудааст.
Парвоз аз Душанбе ба Остона ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода шаванд.
Минбаъд аз 19- апрел парвозҳо ба шаҳри Остона то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа афзоиш меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД