Formula novemver 2024
АЗ ДАСТИ ЗАНУ ФАРЗАНДОНАМ ХУДРО БА ДОР ОВЕЗАМ?
11.09.2020
Р. Азимӣ
9249


Марди 47 -сола ва зодаи водии Зарафшон ҳастам. Ҳамсари якумам аз бемории саратон аз олам гузашту “сари танҳо нагард ” гӯён, волидонам баъди маъракаҳои мотамии занамро гузарнидан ,маро бо як бевазан хонадор карданд. Аз бахти аввал кӯдак надоштам ва ташнаи зори фарзанд будам.

Худованд домони ин занамро сабз гардонд ва пай дар пай 7 кӯдак таваллуд кард, вале...

Имрӯз худ ба худ фикр мекунам, ки бачадор шудан аз ин зани беандеша хатои бузургтарини ман дар зиндагӣ буд. Аслан бояд сари вақт, замоне, ки ҳанӯз кӯдак надоштем, талоқашро медодам, аммо хомӣ кардам. Одам мешудагист гуфта, беҳтарин солҳои ҳаётамро бо ин зани ҷоҳил барбод додам. Афсӯс, сад афсӯс!.

Эҳтимол шумо маро маломат кунед, ки модари бачаҳоямро ғайбат карда истодаам, вале ҳоли маро фақат худам медонаму худованд. Маро заррае писанд накардани ин зани шаттоҳ магар кам буд, ки фаррзандонамонро низ ба муқобили ман шӯрондааст. Писаронам ба иғвогариҳои модарашон дода шуда, имрӯз душмани ҷони падар гаштаанд. Ҳурмати падариамро ба ҷо намеоранд, ба сарам дод мезананд, чунон гапҳои сахте мезананд, ки аз ҷавшани ҷонам мегузарад...

Синнам қариб ба 50 расидааст. Одатан дар ин синну сол одамон дар сояи фарзандонашон давлати пирӣ меронанд, вале ман аз дасти зани морзабону фарзандони падарбезор дар хонаи худам рӯз надорам. Аз як тараф ҳамсарам бо ғурбат ва неш заданҳояш гӯшу майнаамро мехӯрад, аз ҷониби дигар фарзандони дилозор ба дилам ханҷар мезананд. Ҷонам ба лабам расидааст, сарамро ба куҷо занам, намедонам. Замоне дар ҳасрати фарзанд месӯхтам, акнун аз дасти зани нобоб ва фарзандони нохалаф дилфигор ҳастам.

Дӯстонам маслиҳат медиҳанд, ки талоқи зани шаттоҳамро диҳам, вале метарсам, ки агар ҷавоби модарашонро диҳам, фарзандонам маро зада-зада аз дар берун мекунанду дар кӯча монда, бомж мешавам. Худоро зорӣ мекунам, ки зудтар ҷонамро ситонад, то дигар рӯйи зану фарзандонамро набинам. Пушаймонам, ки бо хоҳиши волидонам бо ин зани бадҷаҳл хонадор шуда, ҳаётамро сӯхтам. Қадамамро, агар дониста мемондам ва пеш аз никоҳ хулқу хӯяшро месанҷидам, шояд дар овони пирӣ ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор намешудам.

Нурмуҳаммад, аз ш. Панҷакент

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД