arzon replenishment
АЗ БАЧАИ ХОЛААМ РӮЙ ГАРДОНАМ?
17.12.2020
ОИЛА
5257

 

Аниса ҳастам, 19-сола, сокини шаҳри Хуҷанд. Падару модарам маро ба писари холаам фотиҳа кардаанд, аммо ману писархолаам ба ин издивоҷ розӣ нестем. Фотиҳаро бекор кунем, модарам меранҷад ва шояд риштаи апагию хоҳариашон канда шавад.

Мо, ҷавонон ба онҳо мефаҳмонем, ки никоҳи хешу таборӣ мумкин нест, шунидан намехоҳанд. Мегӯянд, ки ин гуфтаҳо асос надоранд, одамон ҳазорсолаҳо хешу таборашонро гирифта, ба ягон бало гирифтор нашуданд. Илтимос, ба мо маслиҳат диҳед!

Маслиҳат:

Хоҳари азиз, Аниса! Ягон модару падар намехоҳанд, ки фарзандонашон бадбахт шаванд, вале гоҳо хушбахтии ҷигарбандонашонро хоста волидон беихтиёр боиси бадбахтии онҳо мешаванд.

Ҷаноби Олӣ, президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд намуданд, ки никоҳи хешу таборӣ аз байн бардошта шавад. Чанд моҳ боз радиову телевизион танҳо сари ҳамин масъала мегӯянд. Наход то имрӯз ин паёми сарвари давлат ба гӯши волидони шумо нарасида бошад?! Худатон мустақилона номумкин будани никоҳи хешу табориро ба падару модаратон фаҳмонда натавонед, ба директори мактаб ё ба раиси маҳаллаатон муроҷиат намоед, боварӣ дорем, ки онҳо роҳи ҳалли масъаларо ба зудӣ меёбанд. Шамима ном духтарак бо амри падару модарамаш бо хешбачаашон хонадор шуда буд. Аз рӯзи нахустини ба хонаи аммааш келин шуда омаду ҳаёташ талх гашт. Бо шавҳараш забон ёфта наметавонист. Барои дупула гап ҷанг шуда, ҳафтаҳо қаҳрӣ мегашт.

Зиндагиаш, ки нотинҷ буд, фикрҳои бад ӯро гаранг менамуд. Танҳо андешаи он ки агар ман бо аҳли оилаи аммааш забон наёбад, падараш бо хоҳараш ҷангӣ мешавад, ӯро аз ҷудоӣ нигоҳ медошт. Шукри Худованд, оҳиста-оҳиста ба дили мардакаш роҳ ёфт. Ҳоло муносибаташон хуб аст. Зиндагии хушбахтона дорад ва ба шумо низ бахту саодатро таманно мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД