Arzon march 2024
Аз ҳамсарӣ дар театру кино ба ҳамсарии ҳақиқӣ
673

Саодат Сафарова, ҳунарпешаи ҷавон, вале муваффақу аллакай шинохта ба хонаи бахт қадам гузошт, Дар ин бора ҳамсабақ ва ҳамкораш Дилноза Раҳимӣ бо нашри чанд акс иттилоъ дод.

Саодат ҳунарпешаи ҷавони Тетари давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буда, соле қабл Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳунарпеша хатм кард. Курси онҳо дастпарвари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир аст.

Саодат то имрӯз дар чандин филмҳо нақш офаридааст. Филме, ки ӯро бештар маъруф кард, “Сарбор” аст. Ин филм саргузашти ҷавонзани дар зиндагӣ дидарое қиса мекунад, ки волидайни шавҳар ба хонаи худаш фиристоданд, аммо дар онҷо ӯро қабул накарданд. Зан дар даст кӯдаки навзод дорад ва хешовандони шавҳараш барои кашонидани молу мулки келини собиқ як ронандаи таксии «Волга»-и кўҳнаро киро мекунанд.

Ҳамин ҷавонзан Саодат аст ва ин нақши офаридаи ӯ хеле пуртаъсир баромад. Ҳатто дар Даҳумин ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳи кишварҳои ИДМ, соҳили Балтик ва Гурҷистон, ки дар Бишкек баргузор шуд, ҳунарпеша ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан”-ро гирифтанд.

Имсол Саодат аз тими “Хатлонсинамо” падид омад. Ӯ нақши ҳамсари актёреро мебозад, ки корманди театр асту ин касб ба хушдоманаш намефорад. Бинобар ин, талош мекунад духтарро аз ӯ ҷудо карда, ба ҷияни худаш хонадор кунад. Филми мазкур низ ҳаводори бешумор дошта, дар шарҳҳо маҳорати бозигарии Саодат зиёд тавсиф шудааст.

Мо ба ин ҳунарпешаи навҷода саодати оилавӣ ва фатҳи қуллаҳои боқимондаи рӯзгору санъатро орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД