Дар 8 моҳи соли ҷорӣ “Амонатбонк” ба 192 нафар соҳибкорзанон дар ҳаҷми 11,9 млн сомонӣ қарз пешниҳод кардаааст.
Сироҷиддин Икромӣ, раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин иқдом аз 28- декабри соли 2022 бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъат додани бахши иқтисодиёт аз ҳисоби соҳибкорзанон ва дастгирии онҳо ба роҳ монда шудааст.
“Ба бонувони синни 18-58-солаи шаҳрвандони Тоҷикистон қарз пешниҳод мегардад, то онҳо соҳибкории хурду миёнаи худро рушд диҳанд”,-афзуд роҳбари ин ниҳод.
Гуфта шуд, ки қарзҳо ба маблағи аз 2 000 то 250 000 сомонӣ ё мутаносибан бо асъори хориҷӣ, ба мӯҳлати 4 сол бо пули миллӣ бо 20%-и солона ва бо асъори хориҷӣ бо 10%-и солона ба занҳои соҳибкор пешниҳод мегарданд. Муҳлати имтиёз дар пардохти қарзи асосӣ то 1 сол муқаррар шудааст.