goodwell
Аз 11 август тақсимоти такрории довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ сар мешавад
10.08.2026
Оила
19

Аз 11 август тақсимоти такрории довталабон

ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ сар мешавад

Маркази миллии тестӣ хабар додааст, ки аз пагоҳ, 11-уми август тақсимоти такрории довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварамон оғоз ёфта, то 13-уми август идома хоҳад кард.

Тақсимоти такрорӣ барои ишғол намудани ҷойҳое, ки дар тақсимоти даври асосӣ холӣ мондаанд сурат мегирад. Довталабон ҳамчунин имкон доранд ҷойҳои аз ҳисоби донишҷӯёни пас аз дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашуда холимондаро ишғол намоянд.

Натиҷаи озмуни тақсимоти такрории довталабон 17-уми август эълон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки имсол нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварамон ба 74 510 нафар расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 154 ҷой бештар мебошад. Ба довталабон 13276 ҷойҳои буҷҷавӣ ва 61 234 ҷойҳои таҳсили шартномавӣ пешниҳод карда мешавад.

Айни замон нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо 67% иҷро шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД