arzon replenishment
Қайсингил не, балои ҷони янга
07.01.2023
ОИЛА
1781


Ману модарам дар як духонагӣ зиндагӣ мекунем. Вақте хоҳаронам шавҳар карданд, нафаси осуда кашидам, ки хонаи тангамон каме ҳам бошад, холӣ шуд ва акнун оромона зиндагӣ мекунем, аммо хаёлам хом баромад.

Хоҳаронам гӯё маслиҳат карда бошанд, баъди баромадани чиллаи арӯсиашон боз хонаи модарро охӯрча карданд. Хоҳари хурдиам донишҷӯ аст ва бо баҳонаи дарс ба хона омада, баъди фаромадани пардаи торикӣ ба хонаи шавҳараш меравад. Ду хоҳари дигарам низ ҳеҷ хонаи шавҳарашонро гарм намегиранд. Ман ду сол дар бозори Гипрозем мевафурӯшӣ карда, бо меҳнати ҳалол хонадор шудам.

Ҳамсарам хушрӯй набошад ҳам, духтари худотарсу боодоб аст. Намедонам хоҳаронамро чӣ ҷин задааст, ки мудом ба зиндагии ман бинӣ халонида, намемонанд, ки бо занам осуда ҳаёт ба сар барам. Корашон ҳамеша эрод гирифтану айб ҷустан аст. Онҳо ҳамсари маро масхара карда, ҳар рӯз ба ӯ як лақаб мегузоранд.

Сад бор гуфтам, ки лоғар аст, безеб аст, чӣ хеле, ки набошад, ман занамро дӯст медорам, чунки инсони хуб аст ва дили пок дорад, аммо хоҳаронам айбҷӯиву эродгириро бас накарданд. Модарам ба гапи духтаронаш даромада, вақтҳои охир занамро бе ягон сабаб меранҷонад. Метарсам, ки аз пушти се хоҳари шавҳардори бешавҳарам зиндагии ману ҳамсарам оқибат вайрон мешавад. Хоҳаронам духтарҳои бениҳоят зебоянд ва аз хушрӯии худ болида, шавҳаронашонро хар карда савор шудаанд. Гапи язнаҳоям ба занҳояшон намегузарад, чунки мард не, латтаанд.

Борҳо аз модарам хоҳиш кардам, ки духтарҳояшро насиҳат кунад, то ки хонаи шавҳарашонро маҳкам доранд, аммо дар ҷавоб фақат дашном шунидам. Модарам маро занкалон ва патаки пайтоба номида, гуфт, ки ин хона моли ӯст ва духтарҳояш кадом вақте ки хоҳанд, омадан мегиранд.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Ф.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД