Formula september
Ҳавзи Кавсар чӣ таъбир дорад?
982

Хоб дидам, ки ҳамроҳи писарчаам ба зиёрати Ҳаҷ рафтаам. Як ҳавзи калон пур аз моҳӣ буд, боз як ҷӯйбори дигар пури обсабзаҳо ҳам буд, вале дар паҳлӯяшон дарёи калонеро дидам, ки пур аз санг бошад ҳам, лекин об надошт. Ман ҳамон санги сиёҳи калонеро, ки ҳамаи зоирин зиёрат мекунанд, бо дастам дошта, аз хоб бедор шудам. Мегуфтед, ки хоби дидаи ман чи таъбир дорад?

Иброҳимҷон Узайров

Ба зиёрати Хонаи Каъба рафтан, яъне ҳач кардан дар хоб фоли нек буда, аз сар задани ҳодисаҳои хурсандиовар дар ҳаёти хобдида дарак медиҳад. Шахсе, ки ягон мушкилӣ дорад, хоб бинад, ки ҳаҷ карда истодааст, мушкилаш осон шуда, ба муроду мақсадаш мерасад. Шахси хобдида, агар бо тиҷорат сару кор дошта бошад, корҳояш бобарор ва давлаташ афзун мегардад.

Одами камбағале, ки орзуи зиёрати хонаи Каъбаро дорад, вале имконияти молиявӣ надорад, чунин хоб бинанд, дар ҳаёташ ягон ҳодисаи ба мӯъҷиза монанд рӯй дода, имкони ҳаҷ карданро пайдо мекунад ва ҳоҷӣ мешавад.

Дар хобномаҳо омадааст, ки зиёрат кардани санги сиёҳи Каъба дар хоб метавонад ҳамчунин нишонаи ба даст овардани боигарии хеле калон ва бошад. Ибодат кардан дар Каъба аз хушбахтии хеле бузурге, ки ба зудӣ насиби шахси хобдида гашта метавонад, дарак медиҳад.

Хоб дидани ҳавзи Кавсар ва ё дарёи пур аз моҳӣ дар мавзеи ҳаҷ бисёр хуб буда, шахсе, ки чунин хоб мебинад, соҳиби даромади хеле калон мегардад ва бою бадавлат мешавад. Дарёи обаш софе, ки оромона равон аст, нишонаи умри дарозу пурбаракат дидани одами хобдида будааст.

Дарёи пуршӯр, аммо обаш мусаффою беғубор аз рӯй додани ҳодисаи хурсандиоваре дарак медиҳад, ки натанҳо ба шахси хобдида, балки ҳамчунин ба аҳли оила ва атрофиёнаш низ дахл дорад. Аммо дарёи обаш хушкида дар хоб чандон хуб набуда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кори шахси хобдида бо ягон сабаб муввақатан боз дошта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД