Formula 2025 may
Аввалин бозии санҷишии “Истиқлол” ва БМБ баргузор шуд
329

Аввалин бозии санҷишӣ миёни дастаҳои футзали “Истиқлол” ва БМБ дар шаҳри Тошканд 17-уми апрел баргузор гардид.

ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол” хабар дод, ки вохӯрии чемпионҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо натиҷаи 3:2 ба суди футзалбозони мизбон ба поён расид.

Голҳои “Истиқлол”-ро Муҳаммад Шарипов ва Фирӯз Бекмуродов ба самар расонидаанд.

Вохӯрии дуюми дастаҳо имрӯз, 18-уми апрел баргузор мешавад. Баъдан шогирдони Александр Забирадзе дар маркази омӯзишии Бонки миллӣ воқеъ дар вилояти Суғд ба ҷамъомади таълимию тамринӣ фаро гирифта мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД