Formula novemver 2024
Ҷавонони тоҷик ба хотири наҷот аз аскарӣ даъвои олимшавӣ мекарданд?
892

 

Дар соли таҳсили 2021-2022 нақшаи қабул ба магистратура дар яке аз маъруфтарин даргоҳҳои илму дониши кишвар-Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳамагӣ 30 фоиз иҷро шудааст. Ин нуктаро профессор Қобилҷон Хушвахтзода, Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ зикр кардааст.

Донишгҳи Миллии Тоҷикистон ягона муассисаи олии кишвар нест, ки шумораи довталабонаш ба магистратура якбора хеле коҳиш ёфтааст. Пас аз ворид кардани тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва ҷалби магистрон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ қабул ба зинаи магистратура дар тамоми донишгоҳҳои мамлакат якбора кам шуд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо имрӯз бештари магистрон дар донишгоҳҳо духтарон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, таносуб миёни духтарон ва ҷавонон баробар аст — 15 фоиз духтарон ва 15 фоиз писарон.

Айни замон дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки 23 362 нафар донишҷӯ дорад, 783 нафар магистрон таҳсил доранд. Соли гузашта ҳамагӣ 245 нафар ба магистратура дохил шудаанду халос!

Саволе ба миён меояд, ки магар ҷавонони тоҷик ба хотири раҳоӣ аз аскарӣ ба магистратураю аспирантура дохил шуда, даъвои олимшавӣ мекарданд?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД