Дар шаҳри Бохтар модароне, ки зиёда аз ду фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудаанд, қадршиносӣ мегарданд.
Ин модарон аз маҳаллаҳои Хатлон, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода ва Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар буда, ду ва зиёда аз фарзандонашонро ба сафи Артиши миллӣ барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намудаанд.
Фарзандон низ сарбаландона хизматро адо намуда, шароити мусоиди қисмҳои низомии мамлакатро ба дигар ҷавонон тарғиб менамоянд.
Ин модарони шарафманд ифтихор аз он доранд, ки фарзандонашон дар мактаби мардонагию шуҷоат, дар сафи Артиши миллии мамлакат сарбаландона хизмат намудаанд.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои ободкорию сабзгардонии кӯчаву маҳал, назди хонаҳои истиқоматӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни занону ҷавонон матраҳ гардиданд.
Ҳамзамон бо занону духтарони ноҳияи Хуросон вохӯрӣ гузаронида шуд. Барои тарбияи фарзандони ватандӯсту меҳанпараст ва саҳми онҳо дар ҳимояи марзу буми давлат модарони сарбозони ин ноҳия низ бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Дар суҳбат гуфта шуд, ки модарони бошарафи тоҷик ҳамеша фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат тарбия намуда, насле ба воя мерасонанд, ки барои ояндаи дурахшон ва имрӯзу фардои давлату миллат хизмати сазовор анҷом медиҳанд.
Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои самти кор бо занон ва оила низ баррасӣ шуданд.