Formula novemver 2024
Ҷавони тоҷик дар Киев захмӣ шуд!
14.03.2022
ОИЛА
2289

Ҷавони тоҷик дар Киев захмӣ шуд!
Як муҳоҷири 22- сола аз Тоҷикистон дар Киев захмӣ шудааст. Вай якуним сол боз дар Украина кору зиндагӣ мекардааст...
Сафорати Тоҷикистон дар Украина аз захмӣ "Н. Ҷ. ном бурда гуфтааст, ки ӯ ҳангоми соати комендантӣ дар хиёбонҳои Киев гаштугузор карда, тир хӯрдааст.
Худи захмишуда гуфтааст, ки соати 11-и шаб ба хиёбон баромад, ки тирпарронӣ шуд ва аз пояш ҷароҳат бардошт.
"Нафаҳмидам, ки тирпарронӣ миёни кӣ буд. Ҳоло дар беморхона ҳастам ва поямро ҷарроҳӣ карданд. Роҳ гашта наметавонам ва бояд чанд рӯз ин ҷо бимонам," гуфтааст дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҷавон
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, мегӯяд, бо муҳоҷири тоҷик суҳбат доштанд ва ба ӯ ёрӣ мерасонанд.
"Аз онҳое, ки дар Киев ва шаҳрҳои дигари Украина мондаанд, хоҳиш дорем, ки дар соати комендантӣ ба берун набароянд. Дар ин вақт касе кафолати бехатарӣ дода наметавонад. Бо даст додани имкон албатта шаҳрвандон ба ҷои бехатар кӯчонида мешаванд, вале то он вақт беҳуда ба берун набароянд," – таъкид кардааст сафир.
Ба иттилои расмӣ, то оғози ҳамлаи Русия, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Дар ду ҳафтаи охир тақрибан 1400 нафари онҳо аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД