Некрӯз Саидниёзов, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Ҳисор дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» сазовори ҷойи аввал гашта бо Диплом ва 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ин ҷавони боистеъдод дар жанри шашмақом ҳунарнамоӣ карда, бо садои гӯшнавоз ва тарзи иҷрои аълояш ҳакамонро мафтун намуд.
Маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» рӯзи 5-октябр дар шаҳри Душанбе доир гашта, гирандагони Шоҳҷоиза бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, Диплом ва мукофот сарфароз гардонида шуданд. Маблағи умумии мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 3 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳадафи «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷодаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд ва тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ мебошад. Дастовардҳои Некрӯз барин ҷавонони дилбохтаи ҳунар бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони мо ба мусиқии суннатӣ, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ эҳтиром ва таваҷҷуҳи хоса доранд.
Ёдрас мешавем,ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз соли 2019 инҷониб таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ баргузор мегардад.